ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ҶАВОНОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ ОФАРАНДА ВА СОЗАНДАИ ИН ФАРҲАНГ
Тибқӣ моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷавонон ин гурўҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад ва ин қишри ҷомеа дар ҷумҳурӣ аксариятро ташкил медиҳад. Бештар аз он дар қисми 3-юми моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Воқеан ҳам мо ин муқаррароти меъёриро ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намудем ва дар ҳамин шаклу сохтор рушди минбаъдаи кишварро дарк мекунем. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон доимо афзоиши демографӣ сурат мегирад ва нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз маълумоти оморӣ чанд рақамро дар зер меорем, ки воқеан нишон медиҳад, ки ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода, нақши асосиро мебозанд:
- Аз беш аз 9 миллиону 313 ҳазор (тибқи маълумоти Агентии омор то санаи 1 январи соли 2021) нафар аҳолии Тоҷикистон 70 фоизи аҳолӣ то 35 мебошад;
- Дар кишвар 41 донишгоҳи таҳсилоти олӣ мавҷуд аст;
- Шумораи донишҷӯён дар Тоҷикистон 245 ҳазор нафар аст;
- беш аз 40 ҳазор нафар аз ҷумлаи ҷавонони Тоҷикистон дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд;
- Сатҳи умумии саводнокӣ дар байни ҷавонон 99,88% -ро ташкил медиҳад;
- Сатҳи саводнокӣ дар байни занони ҷавон 99,86% аст;
- Сатҳи саводнокӣ дар байни мардон 99,89% -ро ташкил медиҳад.
Санаи 21.05.2021 дар шаҳри Душанбе дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ба роҳ монда шуда, ин навбат низ басо хотирмон баргузор гардид. Ин ташаббус, ки дар меҳвари он сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати иштирок дар мулоқоти Роҳбари давлат аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон дар “Кохи Борбад” сарҷамъ омаданд.
Пешвои муаззами миллат намояндагони насли ҷавони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, изҳори умеду боварӣ намуданд, ки ҷавонон минбаъд низ бо ташаббусҳои созанда ва иқдоми судманд баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муассир мегузоранд.
Дар суханронии Роҳбари давлат ибтикороти Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонони кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки масъалаҳои марбут ба ҷавонон минбаъд низ дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор хоҳад гирифт.
Мо, ҷавонон воқеан ҳамарӯза таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлатро эҳсос мекунем. Аз файзи суботи сиёсии кишвар имрӯз барои мо, ҷавонон тамоми шароит ва имконот фароҳам аст.
Мо, ҷавонон хуб дарк мекунем, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд. Аз ин рӯ, мо ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошем. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти мо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гарданд ва нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳанд.
Зеро ба таъкиди Пешвои миллат мо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошем.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намояд.
Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.
Роҳбари давлат зимни суханронӣ ба ин нукта бештар афзалият дода, ҳамеша ба ҷавонон рӯ овардан ба илмро такрор ба такрор талқин менамоянд.
Мо, ҷавонон минбаъд низ донишу маҳорати хешро ҷиҳати татбиқи дастуру супориш ва маслиҳатҳои Пешвои муаззами миллат равона хоҳем кард.
Абдувоҳидов М. Р. – котиб коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ