Иғвои навбатии Кабирӣ

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ рӯз то рӯз рушд карда истода, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қабул ва тибқи он амал менамоянд.

Вале, дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба тинҷиву оромӣ ва ба чунин пешрафт ношукрӣ намуда, зидди миллат, давлат ва Ватани худ мубориза мебаранд ва барои ноором сохтани вазъ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Яке аз чунин нафарони ношурк ва ватанфурӯш ин М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мебошанд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бо паҳн намудани маводҳо мехоҳанд мардуми моро дубора фиреб диҳанд ва боз нооромӣ ва бетартибиро дар Тоҷикистон оғоз намоянд ва ба воситаи он табаддулоти давлатӣ намуда, ба ҳокимият соҳиб шаванд. Яъне онҳо мақсади бо роҳи ғайриконститутсионӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро доранд. Ин ҳолат аз ҳамаи мо талаб менамояд, ки бетараф набошем ва то тавонем бар зидди ин хоинони миллат, ки кӯшиши танҷиву оромии моро вайрон намудан доранд мубориза барем.

Кабирӣ,  ки аз берун истода, мисли каждум заҳри худро мехоҳад, ба ҷавонон ва ҷомеа расонад, ба кинаю адоват печида раҳгум задааст, бисёр сафсатаҳои беасосро ба забон меоварад.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Кабирӣ кӯшишҳои зиёде кард, ки то ҷавононро раҳгум сохта ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ба ҳизби террористии наҳзати ислом ҷалб намояд. Лекин ҷавонон, ки хеле зираку доно шудаанд, ба ин амалҳои рӯбоҳонаи Кабирӣ бовар накарданд ва тири Кабирӣ хок хӯрд.

Мутаъсифона баъди расман аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам,  роҳбарон ва баъзе аз аъзоёни онҳо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, то ҳанӯз мехоҳанд мардуми моро ба доми фиреби худ кашанд. Дар ин роҳ онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намуда, ба воситаи он баромадҳои менамоянд, ки дар баромадҳои мазкур бо суханҳои бардурӯғ ва беасос кӯшиши фиреб намудани моро мекунанд.

Санаи 28 июни соли равон мо шоҳиди он гардидем, ки М.Кабирӣ дар шабакаи Ютуб суҳбати онлайни баргузор намуда, боз кӯшиши намуд, ки бо суханҳои бардурӯғ мардумро зидди давлат равона намоянд.

Ҳангоми шунидани суханҳои Кабирӣ мо шоҳид мегардем, ки суханҳои ӯ пур аз дурӯғ ва сафсата буда, комилан беасос мебошанд. Кабирӣ як иғвоангез аст тамом. Ӯ дар ҳамаи баромадҳояш танҳо дар бораи камбудӣ ва норасогиҳои сохтаву фикркардабаромадаи худ сухан мекунаду халос. Бигзор ӯ дар бораи пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст сухан накунад, вале ӯ аққалан дар бораи манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон сухан намекунад. Хулоса ӯ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлатӣ ҷангзада, бетартиб ва беқунуният муаррифӣ мекунаду халос. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохили кишвар қарор дорем вазъиятро хуб медонем, ки Тоҷикистон кишвари тинҷу ором аст ва новобаста аз вазъи бавуҷудомадаи пандемия тавонист то иқтисодиёти худро нигоҳ дорад. Тинҷиву оромӣ ва сериву пуррӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Вале нафароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанду солҳои тӯлонӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва аз вазъи ҳозираи Тоҷикистон танҳо ба воситаи шабакаҳои телевизион ва интернетӣ огоҳ мебошанд мутаъсифона ба суханҳои бардурӯғи ин хоини миллат бовар намуда, фирефта гардида истодаанд.

Ҳангоми пахши мустақими баромади Кабирӣ баъзе нафарон фикру ақидаҳои худро баён намуда, ба истилоҳ ба видеои мазкур “комментария” менавиштанд. Аз тарзи навиштани комментарияҳо маълум аст, ки аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд. Баъзе нафарон ба суханҳои ин иғвоангез бовар намуда, норозигии худро аз ҳолати ҳозираи Тоҷикистон баён менамуданд, нафарони дигар бошад, ки ҳолати воқеии Тоҷикистонро медонанд аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдорӣ мекарданд. Аз ин сабаб байни онҳо якдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада, кор ба дараҷае расид, ки (ин гуна ҳолатҳо дар ҳамаи баромадҳои ин иғвоангезон дучор мешаванд) ин ду ҷониб ба баёни суханҳои қабеҳ ба ҳамдигар гузаштанд. Яъне ду гурӯҳе, ки маъмулан якдигарро тамоман намешиносанд бо ҳамдигар душман гашта, тайёранд зидди якдигар ҷанг намоянд, ки ин нишонаҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Яъне мутаъсифона ин хоинон ва иғвоангезон бо суханҳои бардурӯғи худ тавонистанд як миқдор ҷавонони тоҷикро доираи хурд ҳам бошад ба ҳамдигар душман созанд, ки мақсади асосии барномаи онҳо аз ҳамин иборат мебошад. Вобаста ба ин, моро мебояд ба суханҳои онҳо ҳаргиз фирефта нашавем ва байни ҳам хусусат надошта бошем.

Дигар паҳлӯи масъала дар баромади худ боз Кабирӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ намуда, иброз медорад, ки гӯё Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ғайриқонунӣ амал мекарда бошад. Мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки худи Муҳиддин Кабирӣ то соли 2015 аъзои Маҷлиси намояндагони Мақлиси Олии Ҷумҳуқрии Тоҷикистон буд ва ягон маротиба аз сиёсати Ҳукумати имрӯза норозигӣ баён намекард. Яъне аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумат сад дар сад розӣ буд. Вале баъди он, ки соли 2015 кӯшиши табаддулот карду ин амалаш нобарор анҷом ёфт ӯ ба хориҷа гуреза гашта, яку якбора зиддӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Яъне аллакай баъди кӯшиши табаддулот аз хоинии ӯ  ҳамагон огоҳ шуда буданд ва дигар ӯ роҳи бозгашт надошт.

Ҳамзамон дар рафти баромад М.Кабирӣ қайд намуд, ки гӯё соли 2015 бозори фурӯши маҳсулоти ӯро дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби суд ғайриқонунӣ ба моликияти давлат гузаронида шуда бошад.  Ин маънои онро дорад, ки ӯ худ иқрор мешавад, ки соҳиби бозор ва бойгариҳои зиёд будааст, ки аз ҳисоби маблағҳои бо фиреб аз мардум ҷамъоварда ва хоҷагони берунааш соҳиб гардидааст. Номбурда ба ҳамин дороиҳоям қаноатманд нагардид, ки ин аз ношукрии ӯ хабар медиҳаду халос.

Умуман, хулоса баровардан мумкин аст, ки М.Кабирӣ як душмани миллати тоҷик буда, ҳамеша кӯшиш менамояд то вазъро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноором созад.

 

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи

таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

 

You might also like