Файласуфтарошии кӯри Юнус
Дар чанд соли охир дар сомонаҳои интернетӣ шахсе бо номи Сайидюнуси Истаравшанӣ гўё ҳамчун мухолифи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳое ба нашр мерасонад, ки онҳо одатан ғайбати занони лаби обро ба хотир меоранд. Масъули сомонаи “Кимёи саодат” буда, аз худ дар аксари мавридҳо “файласуф” метарошад.
Яке аз чунин навиштаҳои ў ба бурду бохти иштироки ба истилоҳ мухолифин ва намояндагони расмии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава буд. Аз навиштаҳои вай чунин бармеояд, ки барои ин ашхоси мазҳабу ватани худро фурухта дастовардҳои диёрашон чандон хушоянд нестанд ва аз тамоми василаҳо барои туҳмату буҳтон ба роҳбарияти давлату ҳукумат истифода мебаранд. Аз ин рў барои Кӯри Юнус, ки узви Паймони миллии Тоҷикистон мебошад як идда роҳбарони ТЭТ ҲНИ, ки бо сабаби кўшиши табаддулоти давлатӣ намуданашон дар ҳабс қарор доранд, ҳамчун маҳбусони сиёсӣ муаррифӣ мегарданд.
Ҳамзамон ба ин нукта ишора намудан бамаврид аст, ки лаҳни навишти мақолаҳои Кӯри Юнус дар сомонаҳои интернет на танҳо ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқат намекунад балки тарзи навишти хоҷагони хориҷии ваю ҳампаймонҳояш мебошад. Яъне аввал мазҳаб ва сипас забонро фурухтааст.
Дар охир ба Саидюнусу ҳампаймонҳояш ёдрас менамоям, ки навиштаҳояшон мақоли зерини мардумӣ, яъне “саг мечакаду корвон мегузарад”- ро ба хотир меоранд.
Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯз аз фаъолияти иғвогаронаи хоинон шинос буда, ба доду фарёд ва дилизҳоркунии онҳо бовар намекунанд.
Ҳомидзода Ф.М. – д.и.т., профессор, мудири
кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ