Гург дар ҷомаи меш!

Дар урфият мақоле ҳаст, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Мутаассифона дар шароити имрўза, замоне ки ҷаҳонро тазодҳои гуногунрангу найрангҳои сиёсии пурпечутоб пур кардааст, шумори нафароне, ки аз ҳисоби фиреб рўзии худро дуруст мекунанд дар ҳоли зиёдшавист. Аламоварии қазияе, ки дар бобаташ мехоҳем ҳарф занем дар он аст, ки фарзандони миллати номвари тоҷик дар шароити бе ин ҳам вазнини муҳоҷириву мусофирӣ ҳадафи қаллобиву найрангҳои гургоне дар либоси меш мегарданд. Чанд рўзе пеш яке аз чунин қаллобоне, ки чеҳраи манфури худро бо ниқоби хайру саховат, дасти ёриву амали савоб моҳирона пўшонида буд ба аҳли ҷомеаи кишвари мо ошкор шуд.

Ин ҳам бошад, бо ном ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Холов Иззатулло Амонович (Иззат Амон) будааст, ки таи солҳои тўлонӣ даст аз касби қаллобӣ гарм карда, ҷайб пур кардааст. Номбурда соли 1973 дар ноҳияи Рўдакӣ таваллуд шудааст, мактаби миёнаро соли 1990 ва соли 1997 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз аввали солҳои 2000-ум Иззат Амон дар Маскав умр ба сар мебарад ва дар он ҷо соли 2009 Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро хатм намуда, соли 2013 Академияи хидмати давлатии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар айни замон, Иззат Амон ба ҳайси адвокат дар Бюрои байналмилалии ҳуқуқ дар Маскав кор мекунад ва ба созмони “Маркази тоҷикони Маскав” роҳбарӣ мекунад. Бояд қайд намуд, ки Холов И.А. дар Федератсия Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, азхуд кардааст. Иззат Амон суистифода аз боварии мардуму мақомаш намуда, бо ин амали хеш чандин мардуми боумедро фиреб додааст.

Илова бар ин, Иззат Амон барои шахсони номаълум аз роҳҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандии Россияро гирифта додааст.

Дар оғози соли 2019 алайҳи Иззат Амон бар асоси қаллобӣ ва суистифода аз мақомаш нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Иззат Амон яке аз шахсоне мебошад, ки барои фиреби мардум ва қаллобӣ дастгир шудааст ва ҳоло дар Ҷумҳури Тоҷикистон мунтазири ҳукм аст. Тақдири ояндаи ин марди фиребгар ҳанўз торик аст. Мо бояд чунон кунем, ки чунин шахсиятҳо ба мисли Иззат Амон аз корҳои қаллобиву мардумфиребии худ подоши «дурусте» ба даст оварда бошанд.

Агарчи солиёни тўлонӣ ин мардумфиребӣ зери пардаи хайру сахо боқӣ монд, аммо имрўз торҳои танидаи хонаи анкабути ў дар ҳоли кандану вайроншавист. Вақти он аст, ки аз ин қазияи номатлуб дарси ҳаёт бардошт ва бори дигар донистан шарт аст, ки рўзе чеҳраи манфури гургоне, ки ҷомаи меш ба бар карда, барои азияти мардуми бечора ва халқи тоҷик остин барзадаанду корҳо дуруст кардаанд, кушода мегардад ва ҳар яки ин хиёнатпешагон дар назди қонун ва халқ посухи амалҳои худро хоҳанд дод.

Тўхтаев Т.М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like