Муносибатҳои байналмилалӣ – Аккредитатсия
Кафедраҳои факултети сиёсатшиносӣ ва МБ
Алимов Ботур Ҳамидович – мудири кафедраи
муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент
Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 10.12.2002, таҳти № 2 дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шуд. Дар солҳои гуногун кафедраро н.и.,ф дотсент Юсупов М.Ю. (2008) д.и.т., профессор Ризоев Б.М. ( 2008 – 2012) роҳбарӣ намуданд. Аз соли 2013 инҷониб вазифаи мудири кафедраро н.и.т., дотсент Олимов Б.Ҳ. ба зимма дорад.
Мақсад ва вазифаи кафедра аз таъмин намудани донишҷўёни ихтисоси 1-23.01.01 – муносибатҳои байналхалқӣ бо малакаи касби интихобкарда, омўзиши таҷрибаи корӣ, пеш бурдани муносибатҳои дипломатӣ, тарбияи завқ, одоб ва эстетикаи муносибати дипломатӣ ва таълими фанҳои назарияи дипломатӣ ба донишҷўёни ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ иборат мебошад.
Дар кафедра 10 нафар устодон кору фаъолият доранд, ки аз онхо- 2 нафар доктори илм, профессор, 3 нафар номзади илм, дотсент, 1 нафар сармуаллим ва 4 нафар ассистент мебошанд.
Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ аз соли 2015 дар асоси шартнома бо Донишгоҳи Федералии Қазон ҳамкории густурда дорад.
Ихтисоси 1-23.01.01 – муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия) соли 2018 аз ҷониби Агентии аккредетатсия ва рейтинги байналмилалӣ аз аккредетатсияи байналхалқӣ бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид.
- Олимов Б.Ҳ - “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)
- Ғоибназаров Ф. – хатмкардаи соли 2014, Вазорати рушди савдо ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷумабоев Т. – хатмкардаи соли 2014, нозири Бонки байналмилалӣ дар в. Суғд.
- Юсупов Ф. – хатмкардаи соли 2014, нозири бонки Эсхата
- Мирзобекзода М. – хатмкардаи соли 2018, хадамоти бехатарии фурудгоҳи байналхалқии Хуҷанд.
- Хидиров П. – хатмкунандаи соли 2017, мутахасиси пешбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш. Истиқлол.
- Азимова Ф.А – хатмкардаи соли 2017, мутахасиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
- Мамадов А. – хатмкардаи соли 2017, мутахассиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара
- Каримова М. – хатмкардаи соли 2018, мутахассиси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд.
- Тоҷибоев М. – хатмкардаи соли 2019, тарҷумон дар ширкати Кӯҳӣ -металлургии шаҳраки Зарнисор.
- Олимов Ботурҷон Ҳамидович
- Юсупов Мирзоҷон
- Сайфуллоева Музайяна Атахоновна
- Алиҷонова Адибаҷон Ҳомидовна
- Давлатов Умедджон
- Мустафаева Парвинахон Хасановна
- Мирмаматова Райхона
Эгамназаров Ҳамза Ҳақназарович – мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ
Кафедраи забонҳои хориҷӣ тибқи фармони ректори донишгоҳ №3 аз 31 августи соли 2012 бо мақсади таъмини самараноки таълиму тарбия, корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис шудааст. Аз 1 сентябри соли 2019 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Эгамназаров Ҳ.Ҳ. ба зимма дорад.
Кафедра мутахассисони баландихтисосро дар ихтисосҳои 1-23.01.02.04 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), 1-23.01.02.02 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), 1-23.01.02.05 – таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои иқтисодии берунӣ) бо савияи амиқи забондонӣ – тарҷумон – референти забонҳои арабӣ – англисӣ, англисӣ ва хитоӣ омода менамояд
Айни ҳол дар кафедра 13 нафар устодону омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 7 нафар дотсент, 3 нафар сармуаллим ва 3 нафар ассистент мебошанд.
Омӯзгорони кафедра аз фанҳои зерин бо таълиму тадрис машғуланд: забони англисӣ, забони арабӣ, забони хориҷии касбӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ, грамматикаи амалии забони хитоӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони хитоӣ, муқаддимаи филологияи Чин, фонетикаи амалии забони хитоӣ, грамматикаи амалии забони хитоӣ, муқаддимаи забоншиносӣ, фонетикаи амалии забони арабӣ, инкишофи нутқи хаттӣ ва даҳонии забони арабӣ, грамматикаи амалии забони арабӣ, назарияи тарҷума, шевашиносӣ, морфологияи забони арабӣ, забоншиносии умумӣ, ҷуғрофияи кишварҳои омӯзиш, таърихи забонҳои омӯзиш, услубшиносии забонҳои омӯзиш, синтаксиси забонҳои омӯзиш, лексикология, тарҷумаи матнҳои васоити ахбори омма, ҳусни баён, кишваршиносӣ ва ѓайра.
Самти фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра дар мавзўи «Таҳлили муқоисавӣ ва типологии масъалаҳои мубрами забоншиносии точикӣ, романо-германӣ ва арабӣ (самтҳои лингвистӣ, гуногунфарҳангӣ ва бисьёрзабонӣ)» мутобиқи нақшаи панҷсолаи илмию тадқиқотӣ (2015-2020) роҳандозӣ шудааст.
- Эгамназаров Ҳ.Ҳ. Забони англисӣ. Қисми – I барои ихтисоси таърих 1-21 03 01 05. Хуҷанд «Дабир», 2017- 127с.
- Эгамназаров Ҳ.Ҳ. Кишваршиносӣ барои ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ 1-23 01 02 04, Хуҷанд, «Дабир», 2018 - 145с.
- Шокиров Ҷ.В. Грамматикаи забони арабӣ. Қисми I. Хуҷанд Парки технологияи ДДҲБСТ, 2019.-143 с.
- Шокиров Ҷ.В. Грамматикаи забони арабӣ. Қисми II-III. Хуҷанд, Парки технологияи ДДҲБСТ, 2019 - 257 с.
- Шокиров Ҷ.В. Фонетикаи забони арабӣ. Хуҷанд, Парки технологияи ДДҲБСТ, 2019.- 165 с.
- Султонова Мушарраф Шукруллоевна - хатмкардаи соли хониши 2016-2017, омўзгори фанни забони англисии гимназияи №1, шаҳри Истаравшан
- Ҷамолов Имомалӣ Нурудинович – хатмкардаи соли хониши 2016-2017, омўзгори мактаби Президентӣ
- Муҳиддинова Нодира - хатмкардаи соли хониши 2017-2018, мутахассиси пешбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
- Турсуналиев Илёс – хатмкардаи соли хониши 2017-2018, магистранти шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Чин
- Гулваши Иброҳим - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, мутахассиси кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон
- Раҳматуллоева Ирода - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон
- Болтуев Маъруфҷон - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, магистранти шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Чин
- Вализод Беҳрўз - хатмкардаи соли хониши 2018-2019, магистранти шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Чин
- Эгамназаров Ҳамза Ҳақназарович
- Пўлодова Наима Юсуфовна
- Негматова Дилошўб Садуллоҷоновна
- Ишанкулова Дилбар Гафуровна
- Шокиров Ҷамшед Валиевич
- Тўраев Зиёдалӣ Саидмаликович
- Раупова Шаҳнозахон Маҳмудхоновна
- Норматова Меҳрангез Азамовна
- Сулаймонова Гулрухсор
- Сайфиддинова Рухшона Бахтиёровна
Каримов Равшан Абдукаримович – мудири кафедраи хадамоти гумрук, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедраи хадамоти гумрук дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 26 июни соли 2005, таҳти № 81 бо мақсади таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия, корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ дар назди факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шуд, ки он фаъолияти хешро асосан аз 1 сентябри 2005 оғоз намуд. Аз соли 2005 то соли 2013 профессор А.О. Орифов вазифаи мудири кафедраро ба ўҳда дошт. Дар ташкил ва пешрафти кафедра саҳми д.и.и., профессор А.О. Орифов назаррас аст. Соли 2013 то моҳи август ин вазифаро Юсупов Д.С., – н.и.и., дотсент сарварӣ менамуд. Аз моҳи августи соли 2013 вазифаи мудири кафедраи хадамоти гумрукро н.и.и., дотсент Р.А. Каримов ба ўҳда дорад.
Мақсади фаъолияти кафедра омода кардани мутахассисони баландихтисос тибқи талаботи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи самти ихтисоси 1-96 01 01 – хадамоти гумрукӣ мебошад. Вазифаҳои асосии кафедра ба қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқӣ, гирифтани маълумоти олии касбӣ; омодакунии кадрҳо ва мутахассисони баландихтисоси фаъолияти гумрукӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани тахассуснокии ҳайати кормандон ва ғ. равона карда шудааст.
Дар кафедра аз рўи 20 (бист) фанни таълимӣ машғулиятҳо ба роҳ монда шудааст. Ба фаъолияти касбӣ 8 нафар устодони кафедра машғул мебошанд, ки аз 2 нафар дотсент, 3 нафар сармуаллим, з нафар ассистент мебошанд.
Бо қалами олимони кафедра 12 адад дастурҳои таълимию методӣ, 3 адад монография ва зиёда аз 350 мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд. Доир ба ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва корӣ, махзани саволномаҳои тестӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, дастурҳои методӣ, номгӯи мавзӯҳои корҳои мустақилона, рефератҳо, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, барномаи имтиҳони давлатӣ омода карда шудаанд. Вобаста ба фанҳои таълимӣ комплексҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ ба нашр расида, дар ҷараёни таълим самаранок истифода бурда мешаванд.
2. Каримов Р.А. Иқтисодиёти умури гумрук. Комплекси таълимӣ-методӣ. – Хуҷанд: ДДҲБСТ, 2015. – 289 с.;
3. Каримов Р.А. Боркашонӣ ва мусофиркашонии байналхалқӣ. Комплекси таълимӣ-методӣ. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2015. – 292 с.;
4. Хоҷаев Ҳ.А., Маъруфов Ф.К. Пардохтҳои гумрукӣ дар низомҳои гумрукии гуногун. Комплекси таълимӣ – методӣ. – Хуҷанд: ДДҲБСТ, 2015. – 200 с.;
5. Абдуғаниев У.А. Фаъолияти фаврӣ – ҷустуҷўӣ дар мақомоти гумрук. Комплекси таълимӣ-методӣ. – Хуҷанд: Парки технологии ДДҲБСТ, 2015–131с.
6. Абдуғаниев У.А. Гумрук - дарвозаи давлат. – Хуҷанд: Парки технологии ДДҲБСТ. 2013. – 145 с.;
2. Ғайбуллоев Эркин – корманди қушунҳои наздисарҳадии Қумитаи давлатии амнияти миллӣ
3. Ҳакимов Манучеҳр – корманди Қумитаи давлатии амнияти миллӣ
4. Шоев Ибодулло – раёсати агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар вил. Хатлон
5. Бобобеков Асрорбек – корманди гурўхи зудамали РМГ дар вил.Суғд
6. Нурмаҳмадов Қосимҷон Аноргулович – корманди шубаи методологии бонки «Эсхата» дар ш.Хуҷанд
7. Маъруфов Фирдавсчон Каримович – сармуаллими кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ
8. Бойматов Артур – корманди муассисаи ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ дар ш.Хуҷанд
9. Фарзонаи Мирулло – корманди Раёсати кадрҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
10. Мустафоқулов Ҷамшед – корманди ШВКД дар н.Б.Ғафуров
11. Холов Шаҳзод – корманди Кумитаи амнияти миллии ҶТдар ш.Хуҷанд
12. Эсанов Махмадёр – корманди Кумитаи амнияти миллии ҶТдар ш.Хуҷанд
2.Блиничкина Надежда Юрьевна
3.Мирзозода Фарҳод Ҷумабой
4.Абдуғаниев Умарҷон Абдуғаниевич
5.Мирзоев Абдурахмон Негматович
6.Қаҳорова Мавҷуда Абдулҳаевна
7.Каримова Умеда Абдухалиловна
8.Қосимов Зуфар Алиевич