Изат Амон қаллоб аст!

Халқи тоҷик дорои фарҳанг, таърих ва маданияти бой мебошад, ки назирашро  кам андар кам халқҳои ҷаҳон дорад.

Ба гузаштагони бо нангу номуси худ назар андозем метавонем мисолҳо оварем, ки абармардони зиёде баҳри баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллати худ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Агар ҳазору сад сол қабл барои обрӯву нуфузи миллати тоҷик  Исмоили Сомонӣ  талошҳои зиёде карда номи худ ва мардуми тоҷикро дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт карда бошад,  ҳоло талошҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона  мардуми тоҷикро боз дар  арсаи ҷаҳони маълуму шинохта намуданд.

Аммо имрӯз бархе аз нафароне ҳастанд, ки бо кирдорҳои ношоистаи худ ба миллати тоҷик иснод оваранд.

Мо Холов Иззатулло Амонович (Изат Амон)-ро мисол оварда метавонем, ки бо кирдорҳои ношоистаи худ амалҳои ғайриқонунӣ аз қабили қаллобӣ номи мардуми тоҷикро дар давлатҳои хориҷа олуда месозад.

Яке аз воситаҳои таъминоти моддии шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ буда ҳазорҳо нафар шаҳрвандон бо умеди дарёфти ризқу рӯзи ба Федератсияи Русия сафар мекунанд.

Чунин одамон (онҳоро одам номидан ҳам мумкин нест) аз вазъияти мушкили муҳоҷирон истифода бурда бо роҳи фиребу дурӯғ он маблағҳое, ки бо машаққати зиёд шояд барои табобати волидайни бемор ва ё бо умеди хонадор намудани фарзанд ҷамъовари намудааст тасарруф мекунанд ва барои манфиати худ истифода мебаранд.

Амалҳои ношоистаи чунин шахсон сабаб мешавад, ки шаҳрвандони Федератсияи Руссия нисбати  кирдору рафтори  муҳоҷирони тоҷик хулосаи нодуруст мебароранд.

Кирдорҳои ноинсононаи И.Амон аз рафтори хоинонаи ҳаммаслаконаш гурӯҳҳои террористию экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ ягон  мондани надорад. 

Дар охир аз номи шоир гуфтанием:

Ҷавонмардо ҷавонмардӣ биёмӯз.

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз!

Исоқов М. – дотсент, муовини декан оид ба

тарбияи факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like