Бетараф набошем

Тарбияи ахлоқии инсон, яъне нексириштӣ, ростқавлӣ, ҳалолкориву ҳалолхӣ, бо адлу инсоф, саховатманд будан ва амсоли инҳоро ифода менамояд. Ҳар як инсони комил бояд чунин хислатҳоро дошта бошад то, ки дар ҷамъият мавқеъ, обрую нуфуз, иззат ва ҳурматро нисбати худ ва оилаи худ пайдо намояд.

Аммо бархе аз инсонҳое ҳастанд, ки аз фаровонии дастархон, тинҷиву оромии Ватан ношукри намуда, танҳо манфиатҳои шахсии худро дар боло мегузоранд бо фиребу найрангбозӣ, қаллобӣ ва гумроҳсозии ҷамъият машѓул мегарданд, ки ба амсоли чунин шахсияти бадсиришт Изат  Амон ҳам дохил мешавад.

Иззат Амон кист? Холов Изатулло Амонович аз иттилои расонаҳо маълум гардидааст, ки ин шахси бадсиришт бо ҳаргуна фиребу найрангбозиҳои худ мардуми ҳалолкору нексириштро бо мақсади серкардани нафси молиявии худ фирефтаи доми худ андохтааст.

Чи тавре, ки ба мо маълум аст, дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД ҶТ хабар додааст, Холов Изатулло Амонович қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст, Бояд зикр намуд, ки Холов И.А. дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ кардааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба бахти мардуми ватани азизамон садҳо нафар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шабу рўз барои таъмини амнияти миллӣ ва амнияти шаҳрвандон кору фаъолият намуда сари вақт ҷиноятҳои чунин нохалафонро ошкор менамоянд ва мардуми азизамонро аз ҷабрдидан аз дастони чунин нохалафон эмин нигоҳ медоранд ва ин аст, ки имрўз чунин як инсони нохалаф ба ҳабси пешаки гирифта шудааст ва аз рўи адолат ҷазои худро нисбати ҷиноятҳои содир намудааш мегирад.

Мо бояд бетараф набошем. Мо шаҳрвандони бо ору номуси ватани азизамон барои ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо, ҷинояткориву қаллобӣ ва фиребу найрангбозиҳои баъзе нохалафон ба монандӣ Холов Изатулло Амонович ва ҳамрадифи онҳо, ки тинҷиву оромӣ, осоиштагиву фаровонӣ ва пешрафти давлату ҷомеи имрўзаи моро  намехоҳанд бетараф набошем ва кўшиш ба харҷ диҳем, ки дар байни мардуми мо чунин шахсиятҳо тамоман пайдо нагардад.

 Раҳмонов М.М. сармуаллим, муовини

декани факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like