Ректор

МЎМИНЗОДА ШЕРОЗ АБДУҶАББОР

 Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор 27 сентябри соли 1982 дар н. Б. Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 2004 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ фаъолияташро ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ (2004-2007), баъдан  дар вазифаҳои мудири бахши кор бо ҷавонон 2007-2009), муовини декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ (2009 -2012), мудири бахши тайёрӣ (2012-2015), ёвари директор (2015-2017), декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2017-2018) ифои вазифа менамояд.
Тайи солҳои 2018-2024 декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва аз апрели 2024 то майи 2025 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълими  Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Мӯминзода Ш. А. соли 2015 рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Танзими ҳуқуқии шартномаҳои фючерие, ки дар биржаҳои молӣ баста мешаванд”  ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор олими пурмаҳсул буда, бо таълифи мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва нақшаю барномаҳои таълимӣ дар рушди илму маорифи кишвар ва соҳаи ҳуқуқ саҳми назаррас мегузорад. Тамоми давраи фаъолияташ таъмини иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури фаъолияти хеш қарор дода, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода кардани мутахассисони баландихтисос, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ бо масъулияти баланд содиқона хизмат карда меояд. Барои фаъолияти пурсамар дар омода намудани мутахассисони соҳибтахассус бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъияти матлуботи Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардидааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2025, №307 Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» таъин карда шуд.

 

Recent Posts

ТГУПБП: Областная научно-теоретическая конференция на тему «Таджикистан – инициатор в решении…

15 мая 2025 года в Таджикском государственном университете права, бизнеса и политики состоялась областная научно-теоретическая конференция на тему «Таджикистан – инициатор в решении международных проблем». Конференция была посвящена…
Read More...

Международное направление ТГУПБП развивается в рамках программы Erasmus+

Отрадно отметить, что в текущем году международное направление Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики активно развивается в рамках международной программы Erasmus+. В течение последних лет данное направление…
Read More...

ТГУПБП: Стипендия Ректора университета

В честь Дня молодежи Таджикистана 15 мая 2025 года в Таджикском государственном университете права, бизнеса и политики состоялся финальный этап конкурса на Стипендию Ректора  университета 2024–2025 учебного года. Церемония открытия…
Read More...

Визит первого заместителя Министра образования и науки Республики Таджикистан Хошимзода Хомида в…

Первый заместитель Министра образования и науки Республики Таджикистан Хошимзода Хомид посетил Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики (ТГУПБП) в рамках ознакомительного визита. В ходе визита он ознакомился с…
Read More...