Қабули донишҷӯён ба донишгоҳи Чин

Ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин қабули донишҷӯёнро ба зинаҳои забономӯзӣ (1 сола), бакалавр, магистратура ва докторантура эълон менамояд.
Талаботи асосӣ барои дохилшавӣ донистани забони хитоӣ дараҷаи 3-юм барои забономӯзӣ, дараҷаи 4-ум барои бакалавриат ва дараҷаи панҷум барои докторантура мебошад.
Таҳсил барои донишҷӯён ройгон буда, онҳоро донишгоҳ бо ҷойи хоб ва стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 1000 то 1500 юан таъмин менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Санаи охири қабули ҳуҷҷатҳо 10.06. 2023

You might also like