ПАЁМЕ, КИ МУЖДАИ ПЕШРАФТУ САОДАТ АСТ

Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти олии қонунгузор – Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи рушди ҷомеа ва давлат на танҳо таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд, балки ироаи вазифаҳои муҳимми минбаъда ба ҳисоб меравад.

Боиси хушнудист, ки аз Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва афзудани обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳар чи бештар ҷилвагар мешавад. Дигаргуниҳо ва пешрафтҳое, ки халқи тоҷик имрӯз ба онҳо комёб гаштааст, аз баракоти сулҳу салоҳ ва оромӣ, заҳмати бунёдкоронаи  халқи азизамон ва натиҷаи сиёсати дурбинона ва ватанпарастонаи Роҳбари давлат мебошад.

Дар Паёми  имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳлили дастовардҳои кишвари азизамон дар даврони истиқлолият бештар таваққуф шудааст, зеро Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар марҳилаи таҷлили ҷашни бузурги мардуми шарафманд – 30 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Таҳлили Паёми имсола нишон медиҳад, ки меҳвари асосии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба инсон буда,  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармояи инсонӣ, ки муҳаррики пуриқтидори пешрафти инноватсия ва технологияи  нав мебошад, диққати бештар дода шуда, Роҳбари давлат ҷалби ҷавононро ба илм, татбиқи лоиҳаҳои  инвеститсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ,  ихтироъкорӣ ва ҷорӣ кардани технологияи инноватсиониро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар донистаанд.

Аз Паём як масъалаи муҳими дигар рушди саноат ба назар мерасад, ки  диққати муҳаққиқон ва саноатчиёнро ҷалб мекунад: “ …Пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд, зеро   соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад”.

Дар баробари рушди дигар соҳаҳо пешрафти соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат муайян ва солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Воқеан, рушди босуръати саноати кишвар боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанигардонии буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда, афзоиши иқтидори содиротӣ ва дар умум рақобатпазир гардидани иқтисоди миллӣ мегардад.

Тавре аён аст, саноати мамлакат асосан дар самтҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои ранга ва қиматбаҳо, коркарди сангҳои қиматбаҳо, саноати сабук (коркарди пахта, пилла, пӯсту пашм), саноати кимиё, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ (коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли дигар маҳсулоти хӯрока) рушд ёфта истодааст.

Ҳамчунин, давра ба давра кам гардидани теъдоди номгӯи молу маҳсулоти воридшаванда ва зиёдшавии номгӯи молу маҳсулоти содиротшаванда ҳамчун нишондиҳандаи рушди саноати миллӣ баҳогузорӣ карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо ворид намудани молу маҳсулоти хориҷӣ иқтисоди дигар кишварҳоро дастгирӣ карда истодаем. Дар марҳилаи дигар зарур аст, ки барои таъмини бозори дохилӣ истеҳсоли молу маҳсулоти воридотии серхаридоре, ки аз ашёи маҳаллӣ истеҳсол намуданашон имконпазир аст, ба роҳ монанд.

Пешвои миллат дастур доданд, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» дар мамлакат зиёда аз 870 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бояд ба 95 миллиард сомонӣ расонида шавад. Иҷрои амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат замина бунёд намуда, кишварро ба давлати саноатӣ — аграрии пешрафта мубаддал мегардонад.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як асари таҳқиқотию таҳлилии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ аст, аз лиҳози илмӣ хеле амиқ буда, нигоҳи дурандешонаи як сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ба воқеаҳои дохили кишвар ва ҷаҳони муосир мебошад. Ва, месазад, ки мо ин асарро бештар мутолиа намоем, сабақ гирем ва барои иҷрои ҳидоятҳою супоришҳои Сарвари давлатамон бо ғайрату матонат ва содиқона кӯшиш намоем, то ки вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона адо намоем.

 

Салимова М. М. – мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

 

You might also like