Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди сармояи инсонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, ҳалли муаммоҳои иқлимӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии дарозмуддат аз ҳисоби самаранокии захираҳо
Санаҳои 27-28 сентябри соли 2024 дар доираи ҳамкорӣ ва равобити байналмилалӣ, дар Донишкадаи политехникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодии дарозмуддат, сармояи инсонӣ, ҷорӣ намудани инноватсия ва комёбиҳои техникӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, гузариш ба иқтисодиёти сабз, ҳалли муаммоҳои иқлимӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, масоили илмии марбут ба ҷолибияти инвеститсионӣ нигаронида шуда буд, намояндагони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои тадқиқоти илмии Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қиргизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Латвия баромад карданд.
Дар конференсияи илмӣ- амалӣ аз рӯи самтҳои зерин бахшҳо ташкил карда шуданд:
- Стратегияҳои механизмҳои идоракунии самараноки равандҳои ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот чун омили гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ;
- Нақши баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудит дар таъмини рушди дарозмуддати устувори иқтисодӣ;
- Масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат дар асосӣ энергетикаи инноватсионӣ ва сабз;
- Равишҳои инноватсионӣ ба таҳсилот: Инкишофи сармояи инсонӣ чун омили калидии ноил гардидан ба пешравӣ.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон муаррифӣ намуд. Дар баромади худ профессор Бобоҷониён Д.Д. ҷидду ҷаҳд ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёевро дар фароҳам овардани шароит барои ҳамкории самарабахш байни субъектҳои хоҷагидори кишварҳои бо ҳам дўсту бародарро таъкид намуд. Ӯ ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат дар инкишофи робитаҳои байналмилалӣ байни мактабҳои олӣ, ки ба туфайли он гузаронидани чунин чорабиниҳо имконпазир гардидааст, арзи сипос намуд.
Ташкил ва баргузории чунин конференсияву ҳамоишҳо на танҳо ба равшанӣ андохтан ба масоили рушди сармояи инсонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, ҳалли муаммоҳои иқлимӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии дарозмддат имкон медиҳад, балки ба инкишофи ҳамкориҳои мо саҳми арзанда мегузорад ва боз як қадами муҳим дар роҳи рушди ҳамкори байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ мегардад.