Мардуми  сарбаланду саодатманди  кишвари азизамон накҳати гуворо ва садои таппиши набзи соли нави 2018-умро баръало эҳсос менамоянд. Фаро расидани боз як мавсими дигари рўзгори босаодат ҳамзамон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки соли пурбароре сипарӣ гардида, аз хештан таассуротҳои  зиёде боқӣ мегузорад.

Табрикоти

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон , доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ШАРИФЗОДА Мумин Машокир ба шарафи Рўзи Парчами миллӣ

Мо имсол Рўзи Парчами давлатиамонро дар вазъияте истиқбол менамоем, ки мардуми сарбаланди кишвари азизамон ҳанўз  оғўштаи лаззати гуворои тантанаҳои хурсандибахши ҷашни бузурги миллӣ- 25-солагии Иҷлосияи XVI қарор доранд ва хеле шоду сарфароз ҳастанд.

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон 

Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба давраи заррине ибтидо ниҳод, ки ба шарофати он, ба ибораи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҳаёту мамоти халқу кишвар”, хушбахтона, ба манфиати ҳаёт ва бар алайҳи мамот ҳал гардид.

ТАБРИКОТИ

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ШАРИФЗОДА Мумин Машокир ба муносибати Рўзи омўзгор

 Якшанбеи нахустини моҳи октябрро сокинони кишварамон ба он хотир гиромӣ медоранд, ки дар ин рўз иди касбии муътабартарин қишри ҷомеа – омўзгорон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

НОМАИ ТАБРИКОТИИ

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ШАРИФЗОДА Мумин Машокир ба аҳли донишгоҳ ба муносибати соли нави таҳсил ва 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишонаи соадати нотакрор ва бахту иқболи баланди насли имрӯзаи муҳассилини маъвои хиради мост, ки ҳамагон дар арафаи ҷашни бароямон хеле муътабар - бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати   Тоҷикистон - зодаи даврони Истиқлол ба соли нави таҳсил оғоз мебахшанд. Итминони комил дорам, ки пеш аз ҳама, хониши аъло, интизоми намунавӣ ва ободу гулоғӯш кардани махзани азизи донишамон армуғони беҳтарин ба истиқболи ин санаи хотирмон хоҳанд буд.

НОМАИ ШОДБОШӢ

БА ҶАВОНОНИ САОДАТМАНДИ КИШВАР

 Насли наврас, ҷавонон имрўз ва фардои ободу дурахшони Ватани биҳиштосои мо маҳсуб мешаванд. Ин нуктаи муҳим дар тамоми дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўшан ва комилан дақиқба назар расида, дар хотири ҳамагон зеҳннишин мешавад.

http://www.zoofirma.ru/