Дастаи хозирҷавобони хуштабъ

Раёсати донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти эҷодии ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии онҳо, такмил додани маҳорати иҷрокунандагии даставу гурўҳҳои эҷодии донишҷўён ва барои баланд бардоштани ҳисси фарҳангдўстию меҳанпарастии ҷавонон ташкилу роҳандозии маҳфилҳои мухталифро таҳти назорат гирифтааст.

Дар радифи маҳфилҳои дигари амалкунанда феълан дар донишгоҳ дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон таъсис дода шуда, ҳунарнамоии он сол то сол тақвият меёбад. Мушаххастар, дастаи ҳозирҷавобони донишгоҳ тибқи падидаҳои солҳои 2000-ум тавлид ёфтаву дар озмунҳои мухталифи вилоятиву ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ширкат намудааст. Сараввал дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони донишгоҳ бо номи «Законники» ва «Дипломат без диплома» таъсис ёфт ва он на танҳо дар мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ, ҳатто дар мусобиқаи дастаҳои КВН-и Осиёи Миёна ширкат намуда, байни даҳ даста ғолибиятро ба даст овард.

Шурўъ аз соли 2005 дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони ДДҲБСТ ба худ номи «Болшая перемена» - ро гирифт. Соли 2009 дастаи мунтахаби ДДҲБСТ аз нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурра гардид ва фаъолияти хешро дар ҳамаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо барномаҳои ҷолиб муаррифӣ намуда тавонист. Дар ин давра дастаи ҳозирҷавобон номи пешинаи ҳайатро ба «INFINITY» табдил дод. Вожаи мазкур, яъне «INFINITY» дар тарҷума аз забони англисӣ ба тоҷикӣ маънои «Беохир» - ро ифода менамояд.

Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони «INFINITY» расман аз соли 2010 дар бозиҳои Лигаи олии Хуҷанд иштирок менамояд. Даста иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳо дар соли 2010-2011 гардид. Ҳатто намояндагони дастаи ҳозирҷавобон донишгоҳ дар ҳайати дастаи мунтахаби вилояти Суғд таҳти унвони «Тоҷмаҳал» дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2011 дар фестивали 22-юмини байналхалқии хушдилон ва ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ширкат намуд. Нуктаи муҳим он аст, ки соли 2014 дастаи мунтахаби донишгоҳии хушдилон ва ҳозирҷавобон чемпиони Тоҷикистон гардид. Дар соли 2015 низ дастаи донишгоҳ то ба даври ниҳоӣ расид.

Зикр намудан бамаврид аст, ки солҳои охир дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони маъвои маърифат таҳти унвони «Мунтахаби ДДҲБСТ» дар бозиҳои Лигаи олии Хуҷанд иштирок дорад.

http://www.zoofirma.ru/