ХУДИДОРАКУНИИ ДОНИШҶЎЁН

Худидоракунии донишҷўён яке аз самтҳом муҳими фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва созмони ҷамъиятии донишгоҳ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии фаъолияти Худидодаркунии донишҷўён ин дар ниҳоди донишҷўён парваридани ҳисси масъулият, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ, ҷалби онҳо ба низоми давлатдорӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи корбарии донишҷўён мебошад.

Ҳамасола Қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ба тавсиб мерасад.

Дар донишгоҳ дар асоси Қарори раиси вилоят, Фармони ректори донишгоҳ «Дар бораи ташкилу баргузории Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» бароварда мешавад. Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ дар ду давр баргузор карда мешавад. Даври аввал дар факултетҳо ва даври дуюм дар сохторҳои раёсати донишгоҳ гузаронида мешавад. Дар Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ донишҷўёне иштирок менамоянд, ки дониши хубу аъло дошта дар чорабиниҳои илмиву тарбиявӣ фаъол мебошанд.

Давраи аввали иштирок дар Ҳафтаи иштироки донишҷўён ба идоракунии факулет бо тавсияи кураторони гурўҳҳои академӣ аз тарафи садорати факултет ба роҳ монда шуда, онҳо ҳамчун декани факултет, муовини декан оид ба корҳои тарбия, муовини декан оид ба корҳои илм, мудири кафедра, раиси итифоқӣ касаба, раиси созмони ҷавонон, эдвайзер интихоб шуда, дар мўҳлати як ҳафта хамчун идоракунандаи факултет фаъолият мебаранд.

Давраи дуюми Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ дар асоси қарори Шўрои олимони факултет бо пешниҳоди деканони факултет на камтар аз 3 нафар донишҷўёне, ки дар давоми баргузории даври аввал маҳорату малакаи баланди корбарӣ ва ўҳдабароӣ нишон дода тавонистанд, роҳ дода мешаванд.

Давраи дуюми иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» аз тарафи раёсати донишгоҳ ба роҳ монда мешавад. Донишҷўёни пешниҳодшуда дар мўҳлати як ҳафта дар сохторҳои донишгоҳ, ҳамчун вазифаи муовини ректор оид ба таълим, илм, тарбия, вазифаи мудирони шўъбаҳоро ишғол намуда, дониши назариявиашонро ба таҷрибавӣ мутобиқ менамоянд

Бо мақсади интихоби довталабон барои иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» дар асоси Фармони ректори донишгоҳ комиссияи интихоби довталабон таъсис дода мешавад. Комиссия давоми баргузории даври дуюм «Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгох» сатҳи дониши тахассусӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ, сатҳи фаъолияти илмию тадқиқотии довталабонро муайян намуда, дар асоси хулосаи худ донишҷўёни беҳтаринро барои иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» тавсия медиҳад.

http://www.zoofirma.ru/