Бахши кор бо ҷавонон

Соли 1997 дар таърихи ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон соли махсус арзёбӣ мегардад, зеро 23 майи соли 1997, маҳз дар рўзи таърихие, ки вохўрии навбатии Сарвари давлат бо ҷавонон доир гашт, Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №727 дар бораи таъсис додани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба имзо расид, ки ба насли ҷавони кишвар руҳу илҳоми тоза бахшид. Дар ин замина, дар тамоми макотиби олӣ Созмонҳои ҷавонон таъсис ёфтанд. Аз он ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Созмони ҷавонони донишгоҳ ва минбаъд бахши кор бо ҷавонон ҳамчун як сохтори мустақили зершўъбаи корхои тарбия таъсис дода шуд.

Созмони ҷавонони донишгоҳ дар сохтори худ Шўрои донишҷўён, Шўрои духтарон ва инчунин Созмонҳои ҷамъиятии факултаҳоро дорост.

Ҳамчунин, дар донишгоҳ дар ҳамоҳангсозӣ бо бахши кор бо ҷавонон Шўрои донишҷўёни донишгоҳ ва Шўрои духтарони донишгоҳ фаъолияти худро амалӣ мегардонанд.

Бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ шаш Созмони ҷавонони факултетҳоро муттаҳид месозад:

1. Созмони ҷавонони факултети молия;

2. Созмони ҷавонони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;

3. Созмони ҷавонони факултети ҳуқуқшиносӣ;

4. Созмони ҷавонони факултети бизнес ва идоракунӣ;

5. Созмони ҷавонони факултети инноватсия ва телекоммуникатсия;

6. Созмони ҷавонони факултети баҳисобгирӣ ва андоз.

Фаъолияти бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрию ҳуқуқии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Раёсати донишгоҳ, шўъбаи тарбия фаъолияти равона гардидааст. Ҳамзамон, бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Инчунин дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тақвияти ҷиҳатҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишӣ ва самтҳои дигар дар шахсияти ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад.

http://www.zoofirma.ru/