ШЎРОИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, иҷрокунандаи

вазифаи раиси шўрои собиқадорони меҳнати ДДҲБСТ

Абдуллоев Олимҷон Орифович

Аз рўзҳои аввали ташкили Шўрои собиқадорони меҳнат - 20 сентябри соли 2012 раисии онро номзади илмҳои биологӣ, дотсент Дониёров Музаффар Раҳматович ба зимма дошт. Таҳти роҳбарии ў аъзоёни шўрои собиқадорони меҳнати донишгоҳ дар чораҷўиҳои донишгоҳӣ ва берун аз он фаъолона иштирок карда, бобати тарбияи насли ҷавон дар заминаи анъанаҳои наҷиби ниёгони хирадманд, ташаккули ватандўстӣ, худогоҳӣ, боло бурдани маърифату дониши онҳо пайваста фаъолияти пурсамар бурд.

Аз 28 апрели соли 2016 маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботии Шўрои собиқадорони донишгоҳ иҷрои ин вазифаи масъулро ба зиммаи устоди донишгоҳ, собиқадори меҳнат, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоев Олимҷон Орифович вогузор намуд.

Айни замон Шўрои собиқадорони меҳнати ДДҲБСТ зиёда аз 100 нафар собиқадорони меҳнатро аз ҳамаи сохтору факултетҳои донишгоҳ муттаҳид гардонида, дар асоси Низомнома дар бораи Шўрои собиқадорони меҳнати ДДҲБСТ фаъолияти худро ба роҳ гузоштааст. Дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим ва тибқи нақшаи таҳиягардида тез - тез вохўриву мулоқотҳои собиқадорони меҳнати маъвои маърифат бо устодону донишҷўён доир мегарданд. Дар ҷараёни чунин чораҷўиҳо бобати дастрас гардонидани қарору ҳуҷҷатҳои Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавон, тарѓиби сулҳу ваҳдат, дўстӣ, ташаккули анъанаҳои наҷиби миллӣ, омода намудани мутахассисони ҷавони ояндасози меҳан ба фаъолияти мустақилонаи ҳаётӣ корҳои амалии зиёд ба иҷро мерасанд. Аъзоёни Шўрои собиқадорони меҳнат ба он азму талош доранд, ки насли ҷавони имрўзи меҳан шахсиятҳои шоистаи ояндаи Тоҷикистони маҳбуб бошанд.

http://www.zoofirma.ru/