Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда, дастаҷамъӣ ва худидоравии донишҷўён буда, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои донишҷўён ва татбиқ намудани вазифаҳои дар Низомномаи Шўрои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда фаъолият менамояд.

Шўрои донишҷўён бо шўъбаи корҳои тарбия, инчунин, зерсохторҳои он оид ба масоили гуногуни марбут ба манфиатҳои донишҷўён робитаи доимӣ дошта, дар фаъолияти худ қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ, қарорҳои Шўрои олимони донишгоҳ ва факултетҳои он, инчунин, муқаррароти Низомномаи Шўрои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Раиси Шўрои донишҷўёни донишгоҳ ба ўҳдаи донишҷўи курси чоруми факултети ҳукуқшиносӣ Ҷумаев Исматҷон вогузор шудааст.

Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои Шўрои донишҷўён дар асоси Низомномаи Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Хадафҳои фаъолияти Шўрои донишҷўён иборатанд аз:

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии донишҷўёни донишгоҳ

- ҳамкорӣ, вусъатдиҳӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи донишҷўёни донишгоҳ бо донишҷўёни донишгоҳҳои дигар,

- таъсис ва таъмини фаъолияти воситаҳои иттилоотии донишҷўён, ҳамчунин, васоити ахбори электронии омма;

- иштирок дар идоракунии донишҷўён аз номи ҷамъияти донишҷўён тибқи шартҳои дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинишуда;

- мусоидат ба ҳамкории созанда оид ба масъалаҳои ташкили раванди таълим байни донишҷўён, маъмурият ва омўзгорони донишгоҳ;

- амалӣ сохтани пешниҳодҳои илмию фарҳангии донишҷўён, пешбурди афкору андеша ва лоиҳаҳои онҳо, кўмак ба донишҷўёни донишгоҳ дар татбиқи имконоти эҷодӣ, ташкилӣ ва илмӣ;

- мустаҳкам кардани интизом ва болобарии фарҳанги умумии донишҷўёни донишгоҳ;

- мусоидат намудан ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷўён.

http://www.zoofirma.ru/