Шўрои кураторон

Шўрои кураторон дар асоси қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2008, таҳти №3/3, Низомномаи Шўрои курторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони ректори ДДҲБСТ аз 05.05.2008, №28 бо мақсади тақвияти корҳои тарбиявӣ, кўмаки методӣ ба кураторони гурўҳҳои академӣ, танзими фаъолияти кураторӣ дар назди шўъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Шўрои кураторони донишгоҳ бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба кураторони гурўҳи академӣ дар ҷодаи таълим ва тарбия намудани мутахассисони соҳибмаълумот таъсис дода шудааст. Ба ҳайати Шўрои кураторони донишгоҳ мудири шўъбаи корҳои тарбия, мутахассисони шўъбаи корҳои тарбия, муовинони декан оид ба корҳои тарбияи факултетҳо, саркураторон, аъзоёни созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин донишҷўёни фаъол шомил шудаанд.

Ҳайати Шўрои кураторони донишгоҳ аз 33 нафар иборат мебошанд. Фаъолияти Шўрои кураторони донишгоҳ мувофиқи Низомномаи Шўрои курторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи нақшаи тасдиқгардидаи раёсат ҳамасола дар 1 моҳ як маротиба ба роҳ монда мешавад.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти Шўрои кураторони донишгоҳ:

- назорати риояи «Дастурамали тавсиявии хонандагон ва донишҷўён»-ро таъмин менамояд; - барои ташаккули ахлоқи ҳамида, рушду нумўи шахсият ва маданияти волои донишҷўён ба кураторон ёрӣ мерасонад; - зуҳуроти ҷамъияти худидоракуниро дар коллективҳои донишҷўён сайқал мебахшад; - Шўрои кураторони донишгоҳ усулҳои самараноки корҳои тарбиявиро дар амал татбиқ намуда, оид ба ташкил ва гузаронидани соатҳои кураторӣ, хонишҳои сиёсӣ, озмунҳо саҳм мегузорад.

Кураторон М. Каримова гирандаи Стипендияи Раиси вилоят, М.Қосимова бошад беҳтарин куратори гурўҳи академї таъин гардида, бо мукофоти пулӣ сарфарозонида шуд, ки ин дастовардҳо аз фаъолияти пурсамари Шўрои кураторон дарак медиҳад.

Айни ҳол раисии Шўроро муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент М.Ҷ. Хоҷаева ва котиби масъулро Н.Р. Раҳмонова ба дўш доранд.

http://www.zoofirma.ru/