Шўъбаи корҳои тарбия

 

Мудири шўъбаи корҳои тарбия

Ҷамолов Сўҳроб Нуриддинович

 

Шўъбаи корҳои тарбия 17 апрели соли 2006 дар асоси фармони ректори донишгоҳ таҳти №39 «Оиди ворид намудани тағйирот ба ҷадвали аёлотии донишгоҳ» таъсис дода шудааст.

Шўъба ҷараёни корҳои тарбиявиро дар донишгоҳ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои кории барои ҳар як соли хониш таҳиягардида ва нақшаи дурнамои фаъолият роҳандозӣ намудааст.

Ҳадафи фаъолияти шўъбаи корҳои тарбия татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомолӣ Раҳмон, дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбия намудани ҷавонон, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ, талқини тарзи ҳаёти солим байни донишҷўён мебошад.

Ба сохтори шўъбаи корҳои тарбия дохил мешавад: Шўрои кураторон, бахши тарбияи факултетҳо, бахши кор бо ҷавонон, Шўрои донишҷўён, дастаи донишҷўён дар соҳибкории озод, дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон, хадамоти амнияти донишҷўён, дружиначиёни ихтиёрӣ, созмонҳои ҷавонони факултетҳо, бахши кор бо занон, Шўрои бонувон, Шўрои духтарон, Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Осорхонаи донишгоҳ, хобгоҳи донишҷўён, дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театрстудияи «Парвози истеъдод», гурўҳи рақсии «Хушхиром».

Дар ҷараёни корҳои тарбиявӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомолӣ Раҳмон ва Паёмҳояшон ба Парлумони кишвар, ҳамчунин фармонҳо ва мактубҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Низомномаву дастурамалҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи тарбияро ба назари эътибор мегирад.

Барои дар сатҳи лозима ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия, ташакулли худогоҳию худшиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои манфии ҷахонишавӣ дар такя ба талаботи қонунгузории амалкунанда, консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ҳамасола беш аз 200 чорабиҳои мухталифи сиёсӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангию варзишӣ ҷараён мегиранд.

Риояи қатъии тартиботи дохилии донишгоҳ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ, то ба 97-98% расидани давомоти муҳассилини факултетҳо, иштироки фаъолонаи донишҷўён дар ҳафтаҳои худидоракунии донишгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, теъдоди бештари гирандагони стипендияи Раиси вилоят, иштироки устодону муҳассилини донишгоҳ дар чорабиниҳои бошукўҳи шаҳриву вилоятӣ, дар рўзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон, дар фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан - хандаи ҳусн», ғолибияти дастаи донишгоҳ дар фестивал - озмуни вилоятии мактабҳои олии касбӣ «Фурўғи ҷавонӣ», ғолибият дар фестивал – озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2016», ғолибият дар озмуни дастаҳои хушдилон ва ҳозирҷавобони мактабҳои олии касбии вилояти Суғд, ғолибияти дастаи мунтхаби донишгоҳ дар мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол байни мактабҳои олии касбии вилояти Суғд, ишғоли ҷойи дуюм бо гирифтнаи 16 медал дар мусобиқоти ҷамъбастии Спартакиадаи донишҷўёни мактабҳои олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, иштирок ва ишғоли ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол» байни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, ғолибияти истиқоматкунандагони хобгоҳ дар озмуни вилоятии «Дастони моҳир», паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ байни донишҷўён, дастгирии ятимони кулл, қадршиносии донишҷўёни аълохону фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва волидайни онҳо, пас аз ҳар нимсола ба роҳ мондани ирсоли мулоҳизоти ҷамъбастӣ ба унвони волидайни донишҷў оид ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, таҳия ва чопи китобу дастурҳои тарбиявӣ ва амсоли инҳо далели фаъолияти босамари корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Фаъолият бурдани Шўрои кураторон, Шўрои донишҷўён, дастаи донишҷўён дар соҳибкории озод, дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон, хадамоти амнияти донишҷўён, дружиначиёни ихтиёрӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, Шўрои бонувон, Шўрои духтарон, Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театрстудияи «Парвози истеъдод», гурўҳи рақсии «Хушхиром» ба вусъат бахшидани корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ далолат медиҳад.

Шиори шўъбаи корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Тарбия ва ба воя расонидани насли сазовору арзанда барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол» мебошад.

http://www.zoofirma.ru/