Шӯъбаи таёрӣ

Шўъбаи тайёрии ДДҲБСТ дар асоси фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2007 таҳти №1266 бо мақсади пешбурди фаъолияти таълимӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсилоти умумии ҷавонон ва тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳҳои мухталиф таъсис дода шуд.

Аз соли хониши 2015 бо фармони ректори донишгоҳ ба вазифаи мудири шўъбаи тайёрӣ н.и.и., дотсент М.Қ. Каримов таъин шуд.

Ҷиҳати ҷалби шунавандагон ба шўъбаи тайёрӣ, омода намудани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳҳои мухталиф дар солҳои гуногун, баланд бардоштани савияи дониши шунавандагон саҳми устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ ба монанди Г. Ахмедов, Ё. Мўҳсинов, А. Султонова, С.Кенҷаев, Ҳ. Тоатов, Ш. Шерматов, А. Байзоев, М. Муҳиддинов, А.Каримов, Д. Негматова кушишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.

Шўъбаи тайёрии ДДҲБСТ, ки аз рўи шакли таълими рўзона довталабонро барои дохилшавӣ тайёр мекунад, дар ҳолати мавҷуд будани на камтар аз 75-100 нафар шунаванда ташкил карда мешавад. Ба шўъбаи тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ќабул карда мешаванд. Машѓулиятҳо аз рўи кластерҳои маркази миллии тестӣ гузаронида мешавад. Мўҳлати таҳсил дар шўъбаи тайёрӣ 6- моҳа мебошад. Бо шунавандагони шўъбаи тайёрӣ рўзе 4 соат машғулият гузаронида мешавад.

Шахсони ба шўъбаи тайёрӣ шомилшаванда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба номи ректор;

- аттестат (диплом) дар бораи таҳсилоти умумӣ (нусхаи асл);

- 6 дона сурати андозаи 3х4;

- маълумотнома аз маъмурияти мактаб барои хонандагони мактаб;

- тавсифнома (характеристика)

- маълумотномаи тиббӣ оиди вазъи саломатӣ (формаи №286)

- маълумотнома оид ба пардохти ҳаққи таҳсил;

Шўъбаи тайёрӣ аз роҳбарияти шўъба (мудири шўъба ва нозири шўъба) ва ҳайати омўзгорон иборат аст. Роҳбарии умумии фаъолияти шўбаи тайёрӣ аз тарафи ректори ДДҲБСТ амалӣ гардонида мешавад. Ба корҳои таълимию методии шўъбаи тайёрӣ ноиби ректор оид ба таълими ДДҲБСТ роҳбарӣ менамояд.

http://www.zoofirma.ru/