Рӯзномаи «Маъвои хирад»

 Сармуҳаррири нашрия

ДАДОБОЕВ Солибой (Солеҳи ЗАРИФЗОД)

 Ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, тарғиби арзишҳои волои маънавии ниёгон ва даврони Истиқлолият, васеъ кардани фазои иттилоотӣ, сари вақт хабардор намудани муҳассилин аз навидҳои ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангии ҷумҳурӣ, вилоят ва донишгоҳ, баланд намудани сатҳи маърифатӣ – фарҳангии устодону донишҷўён моҳи феврали соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес, сиёсати Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ моҳномаи «Маъвои хирад» таъсис ёфт.

Шумораи аввалини «Маъвои хирад» 21-уми феврали соли 2007 бо теъдоди 99 нусха дар матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд ба тариқи офсет аз чоп баромад.

Тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 14.03.2007, таҳти №6 ва фармони ректори донишгоҳ моҳи августи соли 2007, рўзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Анварҷон Fафуров сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» таъин гардида, санаи 16 августи соли 2007 моҳнома аз ҷониби раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти рақами 004 – 1976 ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Моҳи августи соли 2014 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев ба ҳайси муҳаррир шомил ба кори нашрия гардида, ба фаъолият шурўъ намуд ва аз моҳи сентябри соли 2015 бошад, ба ин вазифа узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Солибой Дадобоев (Солеҳи Зарифзод)  ҷалб гардид.

Аз моҳи феврали соли 2017 тибқи фармони ректори донишгоҳ Солеҳи Зарифзод сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» таъин шуд.

Баъди ба ҳайси ректори ДДҲБСТ таъин гардидани доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир дар фаъолияти нашрия ҳам дигаргуниҳои зиёди фараҳафзое ба вуҷуд омаданд: аз ҷумла обуна дар асоси фосилаи соли таҳсил ба роҳ монда шуд; аз моҳи сентябри соли 2017-ум нашрия бо формати А3 ва тамоми саҳифаҳояш пурра тариқи ранга дар нашриёти «Ношир» аз чоп бароварда мешавад; тиражи солонаи «Маъвои хирад» бори нахуст ба 3.000 расонида шуд.

Тӯли фаъолият – аз феврали соли 2007 то имрўз нашрия мунтазам ба чоп мерасад ва он бо матолиби рангини хеш, гӯшаву саҳифаҳои махсус маҳбуби хонандагони сершумор гардидааст. Муштариёни рўзнома ба нашрияи «Маъвои хирад» ба ҳайси минбари озод, тарғибгари рушди илму дониш, одобу рафтори нек ва дигар арзишҳои баланди умумибашарӣ меҳр ва таваҷҷӯҳи хоса доранд. Дар номаҳои сершумори хонандагон, ки ҳамарӯза ба идораи нашрияи «Маъвои хирад» ворид мешаванд, баробари зикри фикру мулоҳизаҳои хеш ба ҳайати эҷодӣ барои нашри маводҳои ҷолибу хонданӣ изҳори миннатдорӣ баён мегарданд.

Идораи нашрия дар мақоми сарфарозию шукргузорӣ аз дастгирии моддию маънавии раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам хонданбоб ба нашр расидани матолиби ҳар шумораи «Маъвои хирад» беш аз пеш кӯшиш ба кор мебарад.

Дар назди идораи нашрия таъсис ёфтани маҳфили хабарнигорони ҷавони «Пайроҳаи умед», чопи мунтазами навиштаҳои эҷодкорони ҷавон дар саҳифаҳои матбуоти марказиву маҳаллӣ– ин зинаи нави камолоти донишу маърифат аст.

Дар марҳилаи феълӣ мақсади нашрия ин ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангии ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳ, васеъ кардани фазои иттилоотӣ, сари вақт бохабар гардонидани донишҷўён аз рўйдодҳои нав, баланд намудани сатҳи маърифату фарҳангии устодону донишҷўён, инъикоси тадбирҳои байналхалқию ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оиди пешравии соҳаи таълиму тарбия, чопи шеъру ҳикоя ва лавҳаҳо дар бораи беҳтарин шогирдону устодони донишгоҳ, мутахассисони соҳа, дарҷи маслиҳат, муаммо, тавсияҳои илмию оммавӣ, инъикос кардани рўйдодҳои навини олам ва дигарҳо маҳсуб меёбанд.

Телефон барои тамос: 8(3422) 2-17-02

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Солҳои нашри маъвои хирад

http://www.zoofirma.ru/