Иттифоқи касаба

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДҲБСТ

Амонов Аминҷон Ҷамолович

 

Фаъолияти Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба дар асоси Низомнома ва тибқи шартномаи коллективӣ байни раёсати донишгоҳ ва КМИК барои се сол ба амал бароварда мешавад. Дар шартнома асосан масъалаҳои ташкили меҳнат, дар бораи шакл, низоми пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кўмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо, пардохти иловагӣ ва амсоли ин инъикос ёфтааст. Рафти иҷрои бандҳои шартнома пайваста зери назорати кормандони кумита ва раёсати донишгоҳ қарор мегирад.

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ масъалаҳои гузошташударо дар ҷаласаҳои худ тибқи маҷмўаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳаллу фасл мекунад. Кумита раванди фаъолияти худро барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои устодону донишҷўён ва кормандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо равона кардааст.

Соле як маротиба маҷлиси ҳисоботии кумита бо ҳузури намояндагони раёсати донишгоҳ ва мақомоти болоии кумитаи иттифоқи касаба гузаронида мешавад, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти амалӣ, молиявӣ ва амсоли ин баррасӣ мегарданд.

Дар давоми фаъолияти кумита роҳбарии онро У. Орифхўҷаев Ф.М. Сатторова, Ф. Исоқов, О.О. Бобоева, М.Р. Дониёров, К.М. Баҳодуров ба ўҳда доштанд.

Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии КМИК-и донишгоҳ, ки 9 декабри соли 2012 баргузор гардид, Амонов Аминҷон Ҷалолович раис ва Абдуваҳобова Толибахон Кенҷаевна муовини раис интихоб гардиданд. КМИК- и донишгоҳ имрўзҳо барои тақвият бахшидани корҳои оммавӣ-ташкилӣ, беҳдошти шароити кору зиндагии аъзоён тадбирҳои муфид меандешад. Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДҲБСТ дар соли сипаридашуда фаъолияти худро тибқи Сарқонуни Ҷумҳури Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба ва кафолатҳои фаъолияти онҳо»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷаъмияти» таҳти рақами №644 аз 23.05. 1998с; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳти рақами №1004 аз 22.07.2013с; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №48 аз 08.12.2003с. ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзили коммуналию майишии кормандони маориф», таҳти рақами №671, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №417 аз 15.05.1997 с. ба амал баровард.

Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ тули мавҷудияти худ,ба ҳайси як ташкилоти озоду мустақили ҷамъиятӣ ҳамеша ҳуқуқи манфиатҳои омӯзгорон ро њимоя намуда, дар доираи имкониятҳои худ ба он мусоидат намудааст, ки беҳтарин шароити кору зиндагӣ барои онҳо ба вуҷуд оварда шаванд, то омӯзгорон тавонанд, тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи кори худро баҳри гул-гулшукуфони Ватани азизамон равона созанд.

http://www.zoofirma.ru/