Дастаи ENACTUS

Enactus (Enterpreneurship in action – Cоҳибкорӣ дар амал) - ин барномаи васеи байналхалқии донишҷўён мебошад, ки то соли 2012 бо номи SIFE маъмул буд. Барномаи мазкур ба иштирокчиён имконияти мустақилона амали сохтани лоиҳаҳои эҷодӣ ва инноватсиониро дар омўзиши иқтисодиёт, соҳибкории озод, рушди соҳибкории маҳал, ноҳия, шаҳр ва вилоят фароҳам месозад.Еnactus - ин ҳамкорӣ байни соҳибкорӣ ва маълумотӣ олӣ мебошад, ки наслҳои ояндаро ба соҳибкорӣ омода сохта, бизнес-лидерҳоро тайёр мекунад.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1998 ба ҳаракати байналхалқии донишҷўен SIFE (њозира Enactus) шомил гардидааст. Дастаи SIFE – и донишгоҳ 5 маротиба чемпиони мусобиқаҳои миллии SIFE ва чемпиони мусобиқаҳои махсуси «SIFE Фарғона –2004» гаштааст. Даста дар мусобиқаҳои байналхалқии SIFE WORLD CUP 2002 дар Амстердам (Голландия) ва SIFE WORLD CUP 2004 дар Барселона (Испания) иштирок намуда, шарафи Тоҷикистони азизро ҳимоя намудааст. Аъзои даста барои лоиҳаҳои «Дунёи занон», «Интихоби халқӣ» ва «Автобуси студентӣ» солҳои 2003 – 2004 соҳиби ҷоизаи «Бизнес – лоиҳаи беҳтарин» гаштааст.

Дастаи «SIFE»-и донишгоҳ соли 2008 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии донишҷӯён оид ба соҳаи соҳибкории озод, байни дастаи донишгоҳҳои дигари мамлакат ғолиб омада, дар мусобиқаи байналхалқӣ дар кишвари Сингапур ширкат варзидааст.

Дастаи SIFE-и донишгоҳ соли 2010 низ дар мусобиқаи умумиҷумҳурӣ иштирок намуда, дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт ва дар марҳилаи умумиҷаҳонии мусобиқа дар шаҳри Лос Анҷелоси ИМА иштирок намуд.

Инчунин соли 2012 дастаи SIFE-и донишгоҳ дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт ва барои иштирок кардан ба марҳилаи умумиҷаҳонии мусобиқа ба шаҳри Ню-Йорки ИМА роҳҳат гирифт.

Аз солҳои аввали таъсиси дастаи Enactus (SIFE) ректорони донишгоҳ Пўлодов Ҳ.Р., Каримов О.Қ. дастгириҳои назаррас кардаанд. Имрўзҳо ректори донишгоњ Ҷўразода Ҷ.Ҳ. барои рушди дастаи Enactus (SIFE) саҳми беандоза мегузорад.

Омўзгорон ва донишҷўён низ ба муваффақиятҳои дастаи Enactus (SIFE) саҳми арзанда гузоштаанд: устодон - Юсупов А. К.,Пулатова Н.Ю, Ахмедов Р.А., Назирова М., Набиҷонова М., Ҷўраев А.Ҳ. ва даҳҳо донишҷўёни фаъол, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, дар ташкилотҳои гуногун кор ва фаъолият бурда истодаанд.

Аз соли 2013 эдвайзери дастаи Enactus дотсент Мирзоҷонова М.Қ. таъин гардид. Ин дастаи навтаъсис дар муддати хеле кўтоҳ ба комёбиҳо муваффақ шуд. Соли 2015 дар озмуни Ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷои сеюм ва соли 2016 соҳиби ҷои дуюм гардидааст.

                                                                                 

http://www.zoofirma.ru/