Бахши кор бо занон

Мудири бахши кор бо занони ДДҲБСТ

Алимбоева Шарафнисо Бобоҷоновна

Бахши кор бо занони донишгоҳ қаблан чун Шўрои занону бонувон зикр мегашт. Аз ибтидои таъсисёбии донишгоҳ бахши кор бо занон фаъолият дошта, идомаи солҳои мухталиф вазифаи роҳбарии ин бахшро олимаҳои шинохта – шодравон, профессор Т.Бердиева, дотсентон М.Набиҷонова, Д.Мирзоева, аз моҳи апрели соли 2014 то феврали соли 2015 мутахассиси шўъбаи корҳои тарбия Н.Раҳмонова, аз ибтидои моҳи март то сентябри соли 2015 вазифаи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент М.Хоҷаева дар асоси ҷамъиятӣ пеш бурдаанд. Аз моҳи сентябри соли 2015 сармуаллима Шарафнисо Бобоҷоновна Алимбоева то имрўз роҳбарии бахши кор бо занони донишгоҳро ба зимма дорад.

Ҳадафи асосии фаъолияти бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ ин амалисозии нақша – чорабиниҳои таҳиягардида, фаъолсозии занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, истифодаи нерўи зеҳнии онҳо дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи мутахассисони ояндасози меҳан, саҳмгузорӣ дар бунёди ҷамъияти устувор, боадолат, ҳаматарафа тараққикарда маҳсуб меёбанд.

Бо ибтикори бахши кор бо занон ҳамасола маҳфилу озмунҳои судбахши тарбиявию маърифатӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, идомаи соли хониши 2015 – 2016 бо ибтикор ва ташаббуси бахши мазкур дар маъвои маърифат беш аз 45 адад чораҷўиҳои манфиатбахш ба вуқўъ пайвастанд. Дар ин замина, дар соли 2015 сазовори ҷойи аввал гардидани донишҷўи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ Болтаева Саҳоба дар фестивал – озмуни «Атлас ва адраси тоҷик» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ифтихорӣ аз манотиқи мухталифи кишвар, иштироки 9 нафар донишҷўдухтарони донишгоҳ дар фестивал – озмуни «Ҷилваи чакан – хандаи ҳусн» дар шаҳри Душанбе, ширкати донишҷўдухтарон дар чорабинии вилоятии «Корвони Наврўзӣ» - и соли 2016, ҳунарнамоии донишҷўдухтарони боргоҳи илму маонӣ дар таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи таърихии «Истиқлол», иштироки 7 нафар донишҷўдухтарон дар фестивали вилоятии «Атлас ва адраси Суғд - 2016» ва дигарҳо тасдиқгари фикрҳои болоӣ мебошанд.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрии дигар бобати фаъол гардонидани бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Мулоқоти муаллимаҳо ва донишҷўдухтарон бо намояндагони МИҲД – вилояту шаҳр, ҲХДТ, маркази занон “Гулрухсор”, табибони шинохта, доир намудани озмунҳои рангину шавқовар боиси ривоҷи тарзи ҳаёти солим, тақвияти дониш ва маърифати бонувон мегардад.

Айни замон бахши кор бо занони донишгоҳ дар ҳайати зерин фаъолияти худро идома мебахшад: Алимбоева Шарафнисо Бобоҷоновна – мудири бахши кор бо занон, Раҳмонова Мавзуна Ғафуровна – мутахассиси бахши кор бо занон.

http://www.zoofirma.ru/