Гурўҳи эҷодии донишгоҳ

«ОШЁНИ МЕҲР»- МАСКАНИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН

Дастаи созию овозии «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ даҳ сол пеш таъсис ёфтааст. Тўли ин солҳо дастаи мазкур таҳти роҳбари бадеии даста Саидқодир Ёқубов аз ҳисоби муҳассилини соҳибистеъдоди факултетҳо сафи худро пурра намуда, бо барномаҳои гуногун дар донишгоҳ ва берун аз он ҳунарнамоӣ менамояд.

Дастаи созию овозии «Ошёни меҳр» бештар аз 40 нафар дилбохтагони санъати овозхонӣ, рақс, ровиён, навозандагон, актёрони ҷавонро дар меҳвари хеш гирд овардааст. «Ошёни меҳр» бо дастпарварони худ иштирокчӣ ва ғолиби дукаратаи фестивал-озмуни муҳассилини мактабҳои олии касбии вилоят «Садои ҷавонӣ», иштирокчии барномаҳои фарҳангии се ҳамоиши илмии байналмилалӣ дар ДДҲБСТ, барандаи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.

«Ошёни меҳр» ба маскани истеъдодҳои ҷавон табдил ёфтааст. Дар соли таҳсили нав даста аз ҳисоби истеъдодҳои нав пурратар ва доираи фаъолияташ фарохтар гардид.

Ҳоло дар донишгоҳ маҳфилҳои зерин амал мекунанд:

Маҳфили сарояндагон

Маҳфили рақсии «Хушхиром»

Маҳфили ровиён

Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон (КВН)

Театр – студияи «Парвози истеъдод»

Иштирок дар озмунҳо, фестивалҳо ва барномаҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ:

1. Озмуни «Садои ҷавонӣ» ҷои аввал

2. Озмуни вилоятии «Андалеб» ҷои аввал.

3. Озмуни «Арчаи солинавӣ» ҷои аввал.

4. Озмуни адабӣ «Рўдакихонӣ» ҷои аввал

5. Барномаи консертии «Наврўзи байналмиллал»

6. Фестивал – озмуни «Рози ҷавонӣ» дар шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Қирғизистон

7. Дорандаи ифтихорномаи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

8. Дорандаи ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки аъзоёни ансамбли «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ дар озмунҳои фарҳангии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ.

1. Миркаримов Некбахт дорандаи ҷоизаи озмуни телевизиони ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ»

2. Мирмуллоев Назирҷон дорандаи ҷоизаи озмуни телевизиони ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» ҷоизаи суруди беҳтарин

3. Мирсаидова Мафтунахон озмуни«Овози тиллоӣ» ҷоизаи иҷроиши суруди классикӣ

4. Исоматдинова Гулсанам озмуни телевизионии ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» гирандаи ҷоизаи гранпри.

5. Мавзуна Холмамадова озмуни телевизионии «Овози тиллоӣ».

6. Ганҷина Латифова сароянда, ғолиби озмуни «Андалеб» ва «Фурўғи ҷавонӣ»

7. Фирўза Орипова – сароянда, дорандаи ғолиби озмуни «Андалеб» ва «Фурўғи ҷавонӣ»

8. Муродҷон Ҳамроқулов – сароянда ғолиби озмуни «Андалеб» ва «Фурўғи ҷавонӣ»

9. Фирдавс Сангинов - сароянда ғолиби озмуни «Андалеб» ва «Фурўғи ҷавонӣ»

«Ошёни меҳр» дар чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бо сурудҳои ватандўстона пайваста тариқи телевизиони шабакаи аввал, ТВ «Сафина» ва телевизионҳои маҳаллӣ баромад менамояд.

Имрўзҳо ансамбли «Ошёни меҳр» ва театр студияи «Парвози истеъдод» ба ҷашни 25 – солагии ДДҲБСТ барномаи театркунонидашударо таҳия намуда истодаанд. Зиёда аз 40 нафар донишҷўёни фаъол ва ҳунарманд аъзои маҳфилҳо мебошанд.

Маҳфили навқаламони «Пайраҳаи умед»

Маҳфили эҷодкорони ҷавон «Пайраҳаи умед» таҳти сарварии сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» Солеҳи Зарифзод зиёда аз 20 нафар навқаламонро аз донишгоҳ фаро гирифтааст. Маҳсули қалами эҷодкоронаи ҷавон дар саҳифаҳои рўзномаю маҷалла, аз ҷумла дар нашрияи донишгоҳии «Маъвои хирад» ба нашр мерасанд. 

http://www.zoofirma.ru/