Шўъбаи корхои тарбия

Муовини ректор оид ба тарбия Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна - 

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Аз 17 апрели соли 2006 таҳти № 39 фармони ректори донишгоҳ ба тасвиб расид, ки он «Оиди ворид намудани тағйирот ба ҷадвали аёлотии донишгоҳ» унвон дошта, созмон ёфтани шуъбаи тарбияро эълон мекард.

Дар сатҳи  баланд ба роҳ гузоштани корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ, муваффақ гардидан ба дастовардҳо ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф, роҳандозии корҳои тарбиявӣ бо донишҷўёни курси якум, худидоракунии донишҷўён, чорабиниҳо оид ба тарбияи ватанпарастӣ, фарҳангӣ - эстетикӣ,  варзишӣ – саломатӣ, инъикоси  фаъолияти  гуногунҷабҳаи донишгоҳ тариқи  матбуоти даврӣ аз вазифаҳои асосии фаъолияти шўъбаи тарбияи донишгоҳ маҳсуб мегарданд.

Инчунин бо сифати баланд ва ороиши ҷолиб таҳлил ва чопи  нашрияи «Маъвои хирад», раҳнамоӣ  дар  пешбурди фаъолият,  сифатан беҳтар ба роҳ гузоштани фаъолият дар соҳаҳои илм, таълим ва  тарбия, тарғиби таҷрибаи беҳтарин устодону муҳассилин, сафарбарнамудани ҷомеа ба иҷрои мақсадҳои наҷибу созандаву судманд  дигар аз ҳадафҳои фаъолияти шўъба ҳисоб меёбанд.

Бо донишҳои нави ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ мусаллаҳ намудани муҳассилин, дар замири донишандўзон парваридани беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, дар корҳои судбахшу созандагӣ ҳидоятгари онҳо будан аз мақсаду мароми аввалиндараҷаи шўъбаи тарбияи донишгоҳ аст.

Дар иртибот ба ҳадафҳои фаъолият шўъбаи тарбия ҷиҳати мувофиқи матлаб фаъол гардонидани бонувон ва ҷавонони донишгоҳ дар роҳи илмомўзӣ, таъмини  иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғибу ташвиқи фаъолияти манфиатбахш дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти донишгоҳ, даъвати ҳамарўзаи ҷавонону бонувон ба татбиқи қарору дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ  корҳои зиёду босамарро ба анҷом мерасонад.

 Зерсохторҳо:

1.Шўрои кураторон

2. Бахши кор бо духтарону занон

3. Бахши кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

4. Созмони ҷавонон

5. Осорхона

6. Гурўҳи эҷодии донишгоҳ 

 7. Нашрияи «Маъвои хирад».

http://www.zoofirma.ru/