Бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ

Донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва њуҷҷате доранд, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар тасдиқ мекунад.

Ҳоло дар донишгоҳ донишҷӯён аз Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таҳсил менамоянд.

Донишгоҳ таъмини шароити мусоид барои зисти шаҳрванди хориҷӣ ва риояи Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳдаи худ мегирад.

Донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ надоранд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.

Донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки дар фаъолияти таълимӣ ва ғайритаълимии донишгоҳ (фарҳангӣ, варзишӣ ва ғ.) иштирок намоянд.

Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар асосҳои умумї бо донишҷӯёни ватанӣ ҳуқуқи истироҳат кардан доранд.

Донишҷӯёни хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз ёрии тиббӣ ва дастовардаҳои фарҳангӣ баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Донишҷӯёни хориҷӣ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои зистро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан мумкин аст дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода нашавад:

- ҳадаф халал расонидани таъмини амнияти миллӣ ё ҳифзи тартиботи ҷамьиятӣ бошад;

- агар дар вақти пештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ин шахс фактҳои аз ҷониби вай вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда бошад;

- агар дар вақти пешниҳод кардани дархост барои омадани вай дар бораи худ маълумоти бардурўғ дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад.

http://www.zoofirma.ru/