ҲАМКОРИИ ТАРАФАЙН

Солҳои охир шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар густариши робитаҳои байналхалқӣ корҳои зиёдро ба сомон мерасонад.

Донишгоҳ бо 48 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, байни намояндагони тарафҳо созишномаҳои мухталиф баста шуданд, ки муҳтавояшонро масъалаҳои табодули раванди тахассусҳо, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати раванди таълим, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ҷалб кардани магистрҳо, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, кӯмак барои баланд бардоштани дараҷаи илмии ихтисосии устодону олимон, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Аввалин маротиба табодулли донишҷӯён байни донишгоҳҳо дар муддати як семестр аз соли 2015 ташкил карда шуд ва ду нафар донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) М. Ҷӯрабоева ва Т. Аманбаева дар муддати як семестр дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал таҳсил карданд.

Аз 17 ноябри соли 2015 ҳамкорӣ бо Донишгоҳи “Нархоз” (Қазоқистон) дар соҳаи табодули донишҷӯён ба роҳ монда шуд. Тибқи пешниҳоди донишгоҳи мазкур донишҷӯёни мо дар давоми як нимсола дар Донишгоҳи “Нархоз” таҳсил менамоянд. Ин имконият дод, ки донишҷӯён на танҳо бо усулҳои дигари дарсдиҳӣ шинос шаванд, балки таҷрибаи таҳсил дар давлати хориҷӣ пайдо кунанд ва фарҳанги давлати ҳамсояро омӯзанд.

Яке аз самтҳои ҳамкории байналмилалӣ ин иштироки устодони донишгоҳамон дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ мебошад. Ҳар сол конференсияҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ баргузор мегардад, ки барои ташкили онҳо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо раёсати корњои илм ва инноватсияи донишгоҳ ҳамкорӣ менамоянд.

Инчунин, бо мақсади таъмини иштироки устодони донишгоҳ дар конференсияҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар шуъба ҳар як сафари хориҷиро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд ва барои сафаркунандагон оид ба тартиб ва муаммоҳои сафарҳо машварат мегузаронад.

Дар давоми 5 соли охир 6 чорабинии байналмилалии донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва сафарҳои 19 нафар устодони донишгоҳ бо мақсади иштирок дар конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ба роњ монда шуд.

http://www.zoofirma.ru/