Ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо

ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ЭРАЗМУС МУНДУС “ШАБАКАИ ИҚТИСОД ВА МЕНЕҶМЕНТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ” - CANEM II

Ҳадафи лоиҳа - пурқувват кардани имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, маъмурии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тавассути табодули донишҷӯён ва омӯзгорон аст.

Лоиҳа 135 донишҷӯён ва омӯзгорони Осиёи Марказиро аз сатҳи бакалавр, магистр, докторӣ ва баъд аз докторӣ бо тариќи озмун интиҳоб карда, ба донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо (Испания, Британияи Кабир, Италия, Чехия) ба мӯҳлатҳои гуногун, аз 1 моҳ то 1 сол барои таҳсил ва тадқиқоти илмӣ мефиристад ва дар айни њол 5 корманди авропоиро ба донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ сафарбар менамояд.

Ба ин лоиҳа 5 донишгоҳҳои Аврупо, 20 - Осиёи Марказӣ шомил ҳастанд. Марҳилаи якум - соли таҳсили 2014-2015, марҳилаи дуюм - соли таҳсили 2015-2016 ва марҳилаи охирин - соли таҳсили 2016-2017 мебошанд.

Дар доираи лоиҳа барои донишгоҳамон 97 000 евро ҷудо карда мешавад.

Натиҷаҳои амалӣ гардонидани лоиҳаи CANEM-2 дар донишгоҳ чунинанд:

- 2 нафар устодон барои гузаронидани тадқиқоти илмии постдокторӣ дар Донишгоҳи Генуя (Италия) ба муддати 10 моҳ сафарбар карда шуданд;

- 1 нафар унвонҷӯи донишгоҳ барои идома додани тадқиқоти илмӣ дар Донишгоҳи Генуя (Италия) ба муддати 10 моҳ сафарбар карда шуд;

- 1 нафар магистрант ва 1 нафар донишҷӯ барои таҳсил дар муддати 1 сол дар Донишкадаи бонкии Чехия сафарбар карда шуданд;

- 1 нафар карманди маъмурияти донишгоҳ ба муддати 1 моҳ дар барномаи табодули маъмурӣ дар Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канариа ва дар Донишгоҳи Ҷазираҳои Балеар (Испания) иштирок намуд.

ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТЕМПУС – “ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ ҲАДАФҲОИ КАСБӢ” – FLEPP

Мақсади FLEPP ин такмили ҷараёни таълими забони англисӣ ва немисӣ дар соҳаҳои хавопаймоӣ, тиб, нафт ва газ, кишоварзӣ, молия, ҳуқуқшиносӣ, илм ва соҳаҳои махсуси иқтисодӣ.

Лоиҳа азнавсозии барномаҳои таълимиро барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва немисӣ ба назар гирифта, имкониятҳо барои донишҷӯён барои дастрас гардидани таҷрибаи байналхалқӣ ва навовариҳо фароҳам  меоварад.

Лоиҳа баргузор намудани конференсияҳо, тренингҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ, такмил ва таъмини маводи нави таълимӣ, ташкили маркази забонҳоро дар назар дорад.

Ба ин лоиҳа  6 донишгоҳҳои  аврупоӣ, 22 -  Осиёи Марказӣ шомил ҳастанд.

  Бюҷети лоиҳа дар донишгоҳ 58626 евроро ташкил мекунад. Дар заминаи лоиҳа 2 нафар омӯзгорони забони англисӣ дар Британияи Кабир, 2 нафар дар Эстония, 2 нафар дар Қирғизистон, 2 нафар дар шаҳри Душанбе ва 8 нафар дар шаҳри Хуҷанд аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Сафари 1 намояндаи маъмурияти донишгоҳ ба Шветсия бо мақсади мувофиқа намудани нақшаҳои таълимӣ дар моҳи июни соли 2015 баргузор гардид.

Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назди донишгоҳ дар асоси лоиҳа ташкил гардид ва бо таҷњизот ба маблағи 17680 евро таъмин карда шуд. Таъмини марказ бо адабиёти таълимӣ ба маблағи 2000 евро ба нақша гирифта шудааст.

Вазифаҳои маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ чунинанд:

•            Гузаронидани дарсҳои забонҳои хориҷӣ барои хоҳишмандон;

•            Ташкили такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ ва ғайра;

•            Ташкили семинарҳо, конференсияҳои байналхалқӣ дар масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ.

ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТЕМПУС – “ОЗМОИШГОҲҲОИ НАВОВАРОНА ЧУН АНГЕЗАНДАИ НАВГОНИИ УСТУВОР ДАР СЕКУНҶАИ МАЪРИФАТ” – INOCAST

Ҳадафи лоиҳа ин эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, амалияи хуб ва захираҳо бо мусоидат ба ташкили гуфтугӯи (диалог)-и омӯзишӣ байни донишгоҳҳо ва сектори соҳибкорӣ оид ба ҳамкорӣ, сохтани лоиҳаҳои муштарак бо саноат тавассути фаъолияти ангезандаи лабораторияҳои навоварона мебошад.

4 донишгоҳҳои Аврупо ва 14 донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ дар татбиќи ин лоиња иштирок мекунанд. Шабакаи инноватсионӣ ба хотири ба ҳам овардани тадқиқоти илмӣ, бизнес ва маориф сохта мешавад. 

Ҳамаи ширкаткунандагон маълумоти худро оид ба актерони асосии бозор пурзӯр мекунанд, барои  муайян намудани манфиати  ҷомеаи чањонї ва минтақавӣ ба бозор кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Чунин корҳо ба сомон расонида мешаванд:

1.           Шабакаи инноватсионӣ сохта мешавад;

2.           Омили инсонӣ дар 14 донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ пурзӯр карда мешавад;

3.           Инфраструктура ва кори амалии Лабораторияи инноватсионӣ  таъмин карда мешавад;

4.           Фарҳанги  навоварона байни ҷомеаи донишгоҳҳо афзун гардонида мешавад;

5.           Стратегияи ташкилӣ ва институтсионалӣ барои навоварӣ дар сегонаи дониш (тадқиқот, бизнес ва маориф) ба вуҷуд оварда мешавад;

6.           Самараҳои лоиҳа паҳн карда мешавад.

Аз рӯи нақшаи лоиҳаи мазкур созмони озмоишгоҳи навоварона бо таҷҳизи он ба маблағи 22 700 евро ба назар гирифта шудааст.

Барои донишгохи мо дар доираи ин лоиха 60 611 евро чудо шудааст.

Дар заминаи лоиҳаи мазкур дар донишгоҳ озмоишгоҳи навоварона таъсис дода шуд. 3 омӯзгори донишгоҳ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи таъсис ва фаъолияти озмоишгоҳҳои навоварона дар Британия, Шветсия, Испания, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар тренингҳо иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар муддати 3 сол 9 тренингҳо бо максади омӯзиши таҷрибаи озмоишгохҳои инноватсионӣ баргузор гардиданд.

Озмоишгоҳи навоварона барои амалӣ намудани лоиҳаҳои донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон имконият фароҳам меоварад.

Сомонаи озмоишгоҳи навоварона: http://inocast.tsulbp.tj/

 

 

http://www.zoofirma.ru/