ҲАМКОРӢ ДАР ДОИРАИ ДОНИШГОҲИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Тибқи Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1569 аз 30.07.2009 бо мақсади танзими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (ДСҲШ) дар радифи як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ барои таъсиси донишгоҳи байналмилалии СҲШ дар самти минтақашиносӣ номнавис гардидааст.

Ҳадафи ҳамкорӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бо роҳи табодулли магистрантон байни донишгоҳҳои давлатҳои аъзоёни СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) мебошад.

Донишгоҳҳои зерин ҳамкорони мо дар доираи ДСҲШ мебошанд:

- Донишгоҳи давлатии Алтай;

-Донишгоҳи гуманитарии Бишкек ба номи К. Карасаев;

- Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагын;

- Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ (славянӣ);

- Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода;

- Донишгоњи давлатии Павлодар; - Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президент Б.Н.Ельцин.

Ҳамкорони асосии донишгоҳ дар доираи ДСҲШ Донишгоҳи давлатии Алтай ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президент Б.Н.Ельцин мебошанд.

Ҳамкорӣ тайёрӣ ва табодулли магистрантонро пешбинӣ менамояд. Аз тарафи донишгоҳҳои мазкур барои хатмкунандагони мо 2 бурсия (квота) дар магистратура барои соли хониши 2014-2015, 3 бурсия барои соли хониши 2015-2016 ва 5 бурсия барои соли хониши 2016-2017 аз рӯи ихтисосҳои минтақашиносии хориҷӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва иқтисодиёти бозорҳои Осиё ҷудо карда шуд.

Соли таҳсили 2014-2015 аввалин маротиба 2 нафар донишҷӯёни мо Аюбов Њаётулло ва Рустамов Илњомљон хатмкунандагони ихтисоси сиёсатшиносӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи федералии Урал аз рӯи ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ сафарбар карда шуданд.

http://www.zoofirma.ru/