ҲАМКОРӢ БО МАРКАЗИ КОНФУТСИЙ

Яке яз самтҳои асосии ҳамкории донишгоҳамон ин ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши Конфутсий мебошад.

Ҳадафи ҳамкорӣ – омӯзиши забон ва тамаддуни Ҷумҳурии Мардумии Чин аст.

Натиҷаҳои ҳамкорӣ дар давоми 3 сол чунинанд:

• 14 нафар омӯзгорон ва 89 нафар донишҷӯён курсҳои омӯзиши забони хитоиро хатм намуданд ва 17 нафари онҳо соҳиби сертификати байналмилалии забони хитоӣ гардиданд.

• 2 нафар донишҷӯён барои хондан ба Хитой ба муддати як сол дар соли хониши 2013-2014, 3 нафар дар соли хониши 2014-2015, 2 нафар дар соли хониши 2015-2016 ва 2 нафар дар соли хониши 2016-2017 роҳхат гирифтанд.

• Донишҷӯ Абдураҳмонов Ҷаҳонгир барои таҳсил дар муддати 4 сол дар бакалавратура роҳхат гирифт.

• 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ ба мӯҳлати 15 рӯз ва 4 нафар – ба мӯҳлати 1 моҳ ба Донишгоҳи педагогии Синзян барои омӯзиши забони хитоӣ сафарбар карда шуданд.

Бо каноатмандӣ бояд қайд намуд, ки соли 2014 Маркази Конфутсий донишгоҳи моро барои гузаронидани марҳилаи аввали Мусобиқаи байналхалқии забони хитоии “Пули хитоӣ” интихоб намуд, ки он 28 марти 2014 баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни мо ҳар сол дар ин мусобиқа иштирок менамоянд ва сазовори ҷойҳои аввал ҳисобида мешаванд. Инчунин донишҷӯёни мо дар миқёси ҷумҳурӣ низ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.

30 майи соли 2014 дар донишгоҳамон консерти хитоӣ бахшида ба ҷашни 10-солагии Маркази Конфутсий дар иҷрои донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт, ки забони хитоиро меомӯзанд, баргузор гардид. Интихоб ва гузаронидани чунин чорабинӣ мањз дар донишгоҳ ин як навъ таваҷҷӯҳи хосаи Маркази Конфутсий ба донишгоҳамон мебошад.

2 нафар аз хайати устодони донишгоҳ С. Солихоҷаева ва Б. Ашрапов, ки дар дарсҳои хитоии гурӯҳи омӯзгорон хеле фаъол иштирок мекарданд, дар семинари Маркази Конфутсий дар мавзӯи “Муаммоҳои омӯзиши забони хитоӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

http://www.zoofirma.ru/