Қоидаҳои гирифтани раводид

Раводиди таҳсилии академӣ (О-1) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда дода мешавад.

Барои гирифтани раводид ҳуҷҷатҳои зерин дар асл ва як нусха пешниҳод карда мешаванд:

- шиносномаи ҳақиқии хориҷӣ; Шиноснома бояд на камтар аз 2 варақи тозаро, ки барои раводид пешбинӣ шудааст, доро бошад, мӯҳлати эътибори он, чун қоида, набояд пештар аз 6 моҳ аз охири мӯҳлати амали раводид ба итмом расида бошад;

- анкетаи раводидии пуркардашуда (сабт).

Анкетаи раводид хоно тариқи дастӣ бо ҳуруфоти чопӣ, ё ин ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба таври компютерӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ё забони давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда шуда, аз ҷониби аризадиҳанда шахсан ба имзо расонида мешавад.

Дар ҳолати пур шудани анкетаи раводид аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ё ғайриҳукуматӣ дар хоначаи «сана ва имзо» (саволи 31) анкетаи раводид мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти дархосткунанда монда мешавад;

- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ;

- нусхаи раводиди аввалаи (қаблӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба вируси масъунияти бадани одам (ВИЧ/СПИД) аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомати шаҳрванди хориҷӣ.

– мактуб-дархости муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қайди давлатӣ доранд, бо маълумот дар бораи донишҷӯ ва курси таҳсили ӯ;

- нусха аз фармони муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар бораи қабул шудани шаҳрванди хориҷӣ барои таҳсил дар таълимотгоҳ, аспирантура, докторантура;

- нусхаи билети донишҷӯ ва китобчаи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимоти олӣ ва қарордод дар бораи таҳсилот. Меъёрҳои хироҷҳои консулӣ (сабт).

http://www.zoofirma.ru/