Шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ № 1, аз 30.08.2007 ташкил карда шудааст. Ҳадафи шӯъба густариши алоқаҳои байналхалқии донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии мамолики хориҷӣ ва мусоидат кардан ба он, ки донишгоҳ бо системаи маорифи ҷаҳонӣ алоқаи қавӣ пайдо намояд, сифати таълим ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ва ниҳоят дипломи донишгоҳ эътирофи байналхалқӣ дошта бошад.

Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ:

- ташкили робитаҳои самараноку нафъовари донишгоҳ бо муассисаҳои илмӣ, истеҳсолӣ, фарҳангии ватаниву хориҷӣ;

- ташкили иштироки фаъоли донишҷӯён, омӯзгорон ва донишмандони донишгоҳ дар лоиҳаҳо ва барномаҳои байналхалқии таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ;

- ташкили қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳ;

- фароҳам овардани шароити мусоид дар татбиқи маҳсули интеллектуалӣ ва истифодаи мутахассисони варзида дар бозори зеҳнии миллӣ ва ҷаҳонӣ.

Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мувофиқи мақсадҳои асосии рушди донишгоҳ барои модернизатсияи низоми миллии таҳсилоти касбӣ, инчунин вусъат бахшидани сифати тайёр намудани нерӯи инсонӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахс ва ҷомеа равона гардидааст.

Имрӯз дар донишгоҳ 5 лоиҳаи байналмилалии Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо амал мекунанд. Донишгоҳ бо 48 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориљи дуру наздик ҳамкориро ба роҳ монда, байни намояндагони тарафҳо созишномаҳои мухталиф баста шуданд. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 27 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, бо 8 муассисаи ватанӣ, бо 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо 1 муассисањои Қазоқистон, Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Финляндия, Украина, Белорусия, Чин, Ҳиндустон баста шуданд.

Шӯъба фаъолияти худро баҳри созмони шаклҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии пешрафтаи ҷаҳон, табодули донишҷӯён ва устодон, гирифтани грантҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус Мундус, Темпус, USAID, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон пурзӯр мекунад.

http://www.zoofirma.ru/