Таҳсилоти фосилавӣ

Тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 03.03.2017, суратҷаласаи №6  маркази таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд. Аз аввали соли хониши ҷорӣ маркази мазкур ба фаъолият шурўъ намуд, ки айни замон вазифаи  сардори марказро Ҳомитов Далериддин Шамсиевич ба ўҳда дорад. Фаъолияти маркази мазкур дар асоси Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2017 таҳти рақами №  7/35 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Раёсати донишгоҳ  нақшаи корӣ доир ба ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳро таҳия ва тасдиқ намуд, ки  иҷрои корҳои зерин ба роҳ монда шудааст: коркарди ҳуҷҷатҳое, ки ташкил ва назорати ҷараёни таълимро дар асоси технологияҳои таҳсилотии фосилавӣ ба танзим медароранд; мутобиқгардонии кори кафедраҳо ҷиҳати ба  ҷараёни таълим ҷорӣ намудани технологияҳои фосилавӣ; коркарди маводи таълимӣ-методӣ барои таҳсилоти фосилавӣ ; таҳияи дастурамал ва нишондодҳо барои иштирокчиёни раванди таълим дар асоси технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ; такмили тахассумандии ҳайати омўзгорон дар соҳаи таҳсилоти фосилавӣ; ташкили гурўҳи таҷрибавии омўзгорон;  гузаронидани семинарҳои махсус оид ба муаммоҳои ташкил ва таъминоти методии ҷараёни таълим дар асоси технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ; коркарди барномаҳои курсҳои фосилавӣ аз ҷониби омўзгорон; ташхиси барномаҳои курсҳои фосилавӣ; ташкили теъдоди курсҳо дар намуди модулҳо; ошкор кардани омодагии психологии донишҷўен ба таҳсилоти фосилавӣ; ташкили самтҳои омўзиши инфиродии таҳсилот; гузаронидани курсҳо бо истифодабарии технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ; таъминоти техникии раванди таълим дар асоси технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ; ташкил, ҷорӣ ва такмили техникии фазои электронии таълимӣ; омода намудани мавод барои ҷойгиркунӣ дар фазои электронии таълимӣ (таҳрир, таҳияи маводҳо, навигатсияҳо ва ғ.); ҷойгиркунии маводи иттилоотӣ, таълимӣ дар портал ва ҷобаҷокунии супоришҳои тестӣ дар шабакаи тестӣ.

Бо мақсади иҷрои нақшаи тарҳрезишуда ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ барномаи баргузории семинар – тренингҳо оид ба омӯзиши низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ (барномаи идоракунии таълим - Moodle)   таҳия гардид, ки дар заминаи барномаи мазкур шиносоӣ бо саҳифаи аввал (портали таҳсилоти фосилавии донишгох); тарзи ворид намудани логину рамз ва функсияҳои кабинети инфиродии омӯзгор дар барномаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ – Moodle; омадасозии саҳифаи фаннӣ: тарзи ворид намудани барномаи кории фан (силлабус) ва мавзӯъҳои омӯхташаванда; шиносоӣ бо бонки саволҳо ва функсияҳои он;  ба категорияҳо ҷудо намудани саволҳо ҳамчун қадами аввали ворид намудани саволномаҳои тестӣ; усулҳои воридоти саволномаҳои тестӣ ба барнома ва содироти он аз барномаи идоракунӣ ва таҳияи тестҳо; тарзи ворид намудан ва фаъолгардонии супоришҳо; тафтиш намудани супоришҳо (кори назоратӣ) ва тестҳо; танзими имтиҳони ниҳоӣ; истифодабарии чат ва вебинар дар раванди муошират бо донишҷӯён амалӣ карда мешаванд.      

Санаи 13 октябри ҷорӣ бо мақсади омӯзиши низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ семинари махсус бо иштироки омўзгорон баргузор гардид.

           Ҷиҳати татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ айни замон дар курсҳои аввали шўъбаи ғоибонаи ихтисоси 1-24.01.02 –ҳукуқшиносӣ (маълумоти дуюм),  ихтисоси 1-40-01-02 -технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) таҳсил тариқи низоми фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Барои ихтисосҳои амалкунанда бо мақсади омўзонидани тарзи таҳсил дар ин низом курси муқаддимавӣ гузаронида мешавад.  Раванди таълим тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ пурра бо истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ, тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

  Бо мақсади аз соли хониши 2018-2019  пурра ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ барои курсҳои якум  омўзгорон дар марҳилаи аввал маводҳои зеринро пешниҳод намуда истодаанд: лексияҳо бо формати pdf, шакли электронии тестҳо, библиография, нишондодҳои методӣ, нишондодҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои курсӣ ва корҳои санҷишӣ, супоришҳои корҳои мустакилона. 

http://www.zoofirma.ru/