Шӯъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ

Таъсис ёфтани маркази бақайдгирӣ ва машварат дар низоми таҳсилоти кредитӣ талаботи сохтории раванди таҳсилоти кредитӣ буда, марказ дар донишгоҳ аз моҳи августи соли 2012 фаъолият дорад.

Соли якум бо низоми кредитӣ 2 гурўҳи академӣ аз рўи 2 ихтисос (ихтисосҳои 060600-иқтисоди ҷаҳонӣ ва 060400-молия ва қарз) таҳсил мекарданд. Соли хониши 2008 – 2009 бо ин низом 14 гурӯҳи академӣ аз рӯи 5 ихтисос (060400-молия ва қарз, 060402-андоз ва андозбандӣ, 060600-иқтисоди ҷаҳонӣ, 071900-системаҳои иттилооти дар иқтисодиёт ва 060800-иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ) таҳсилро оғоз намуданд. Ҳамин тавр, солҳои хониши минъбаъда қадам ба қадам ихтисосҳои дигари донишгоҳ ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд.

Маркази бақайдгирӣ ва машварат хадамотест, ки дастовардҳои донишҷўёнро оид ба тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии ў дар давраи таҳсил ба қайд мегирад. Ба зиммаи хадамоти мазкур ташкили тамоми намудҳои назорати натиҷаҳои донишандўзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷў гузошта мешавад.

Мақсад ва фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машварат:

-идоракунии раванди таълим бо зоҳир намудани фаъолияти академӣ ва методии самаранок бо дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ;

-тартиб додани манбаи маълумот оид ба самт (ихтисосҳо)-и донишгоҳ;

-тартиб додани манбаи маълумот оид ба фанҳои таълимӣ барои ҳар як самт (ихтисос)-и донишгоҳ;

-гурўҳбандии фанҳои таълимӣ вобаста ба шакли омўзиши онҳо барои ҳар як самт (ихтисос) дар алоҳидагӣ;

-бақайдгирӣ ва нигоҳ доштани маълумот дар барномаи автоматикунонии раванди идоракунии таълим.

-омода намудани намуна (шакл)-ҳои ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷўён ва омўзгорон мутобиқи талаботи нақшаҳои таълимии корӣ ва фардӣ;

-интихоби пайдарпаии фанҳои таълимӣ аз рўи самт (ихтисос); -интихоби фанҳо дар асоси нақшаи таълимӣ;

-пешниҳод намудани варақаи интихобии фанҳо бо имзои ҳатмии донишҷў;

-ворид намудани маълумоти донишҷўён ба сомонаи донишгоҳ;

- муайян намудани дараҷаи азхудкунии дониш ва ташаккулёбии малакаҳои касбии донишҷўён (аз ҷониби садорати факултетҳо) ҳангоми гузаронидани мониторинг, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ;

-таҳияи лоиҳаи фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати додани иҷозат ба донишҷўён барои иштирок дар сессияи имтиҳонӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2);

-дар мувофиқа бо қисми таълим ташкил ва гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ дар факултетҳо, пешниҳоди натиҷаҳои он ба садорати факултетҳо ва раёсати донишгоҳ;

-тартиб додани варақаҳои имтиҳонӣ барои қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ, варақаи шахсии донишҷў;

-ташкил, назорат ва гузаронидани апеллятсияи донишҷўён дар мувофиқа бо комиссияи апеллятсионии донишгоҳ;

-ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги академии донишҷўён;

-муайян намудани холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и донишҷўён барои ҳар як давраи академӣ (семестр) ва назорат аз рўи мувофиқат намудани он вобаста ба курсҳо муқарраркардашуда;

-ба садорати факултет ва қисми таълими донишгоҳ пешниҳод намудани рўйхати донишҷўёне, ки аз фанҳои алоҳида холҳои заруриро соҳиб нагардидаанд;

-тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ) барои ҳар як донишҷў;

-ташкили триместр (семестри иловагӣ).

Маркази бақайдгирӣ дар фаъолити корӣ аз барномаи автоматикунонидашудаи идоракунии раванди таълим “ALFA – Xpress” истифода мебарад. Инчунин, аз соли таҳсили 2016 – 2017 барномаи автоматикунонидашудаи идоракунии раванди таълим “СКАРТ” коркард шуда, пурра дар раванди фаъолияти марказ истифода шуда истодааст, ки натиҷаҳои холгузории ҷорӣ, санҷишҳои марҳилавӣ, имтиҳоноти ниҳоиро саривақт ҷамъбаст менамояд ва барои муайян намудани рейтинги донишҷӯён имконият медиҳад.

Айни ҳол дар маркази бақайдгирӣ ва машварат мудири шўъба Р.В. Раҳмонов ва 11 нафар офис-бақайдгирандаи факултетҳо (дар шўъбаи рўзона 7 нафар, дар шӯъбаи ғоибона 4 нафар) фаъолият мебаранд.

http://www.zoofirma.ru/