Маркази тестӣ

Майнусов Дониш Фазлиддинович -  сардори Маркази тестии ДДҲБСТ

 Маркази тестии донишгоҳ моҳи феврали соли 2014 бо мақсади дар сатҳи муосир ва шаффоф ба роҳ мондани ҷараёни санҷиши дониши муҳассилин бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст.

Солҳои аввали ташкилшавӣ аз феврали соли 2014 то марти соли 2015 маркази тестӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои физика-математика Ф.Ш. Шокиров қарор дошт. Аз моҳи марти соли 2015 то августи соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи сардори маркази тестӣ М.А. Зокиров буд. Аз моҳи августи соли 2016 то моҳи ноябри соли 2017 А.А. Шамсиев ба вазифаи сардори маркази тестии ДДҲБСТ фаъолият бурд. Аз моҳи ноябри соли 2017 Д.Ф.Майнусов ба ҳайси сардори Маркази тестии донишгоҳ ифои вазифа менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои асосии фаъолияти Марказ:

• Ба таври автоматӣ гузаронидани санҷиши сатҳи маълумотнокии донишҷӯён;

• Таъмин намудани ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим бо иттилоот оид ба сатҳи азхудкунии фанҳои нақшаи таълимии ихтисосҳои донишгоҳ;

• Таъмини воқеият ҳангоми баҳодиҳии сатҳи дониш;

• Санҷиши дараҷаи азхудкунии барномаи таълимӣ аз тарафи донишҷӯён.

• Мукаммал намудан ва ба меъёр овардани воситаҳои тадқиқи оммавии сатҳи дониш;

• Таъминоти методии технологияи таҳияи саволномаҳои тестӣ;

• Кор карда баромадани таъминоти методӣ ва техникии ҷараёни имтиҳоноти марказонидашуда;

• Ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашуда;

• Таҳияи ҷадвали гузаронидани назорати марказонидашуда, бо ишораи фанни таълимӣ, оғоз ва интиҳои имтиҳонот ва рўйхати имтиҳонсупорандагон.

• Гузаронидани таҳлили натиҷаҳои назорати марказонидашуда;

• Кор карда баромадани намунаҳои шакли компютерии саволномаҳои тестӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ) ва ҳуҷҷатҳои зарурии ҷараёни назорати тестӣ;

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18.02 2014 с., № 05/2-681) қабули имтиҳонҳои ҷорӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ ба намуди тестӣ дар маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Шурўъ аз соли 2017 ихтисоси 1-40.01.02 тариқи тестӣ имтиҳоноти хатмро дар маркази тестии донишгоҳ супорид.

Имтиҳони тестӣ тариқи барномаи “СКАРТ” ташкил ва баргузор мегардад.

Маркази тестӣ вобаста ба зарурати корӣ бо ҳамаи сохторҳои донишгоҳ ҳамкорӣ менамояд.

Фаъолияти марказ дар асоси ҳамкорӣ бо сохторҳои донишгоҳ дар самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

• Кор бо кафедраҳо – оид ба таҳия ва пешниҳоди маводҳои тестӣ.

• Бо шӯъбаи таълим – оид ба масъалаҳои таҳияи (графикӣ) ҷадвали имтиҳоноти марказонидашуда.

• Бо садорати факултетҳо – оид ба ташкилу ҷараёни гузаронидани имтиҳоноти марказонидашуда дар факултетҳо. 

• Бо шӯъбаи технологияи инноватсионӣ – оид ба ҷиҳатҳои шабакавӣ-техникии гузаронидани имтиҳоноти марказонидашуда.

• Бо шӯъбаи ҳуқуқ – оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва риояи санадҳои ҳуқуқӣ.

• Бо раёсати рушди инноватсионии донишгоҳ – оид ба барномаи СКАРТ ва модулҳои тест.

Сардори Маркази тестӣ Майнусов Дониш Фазлиддинович, мутахассисони маркази тестӣ Шамсиев Абдумаҷид Азизович ва  Зокиров Махкамҷон Аҳмадович, оператор Аминҷонов Шӯҳрат Юсуфҷонович, барномасоз Қаюмов Абдуқайюм Абдурозиқович 

http://www.zoofirma.ru/