Литсейи Донишгоҳ

Литсейи

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон – кафолати таълим ва тарбияи босифат

(Литсейи ДДҲБСТ – зодаи даврони Истиқлолият)

Литсей бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, додани дониши хуби замонавӣ ба толибилмон ва омода намудани хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо қарори Шӯрои олимони   донишгоҳ  №3, аз 10.11.2010 таъсис дода шудааст. Литсей дорои иҷозатнома ва шаҳодатнома оиди фаъолияти пешбурди фаъолияти таълим мебошад.  Муассиси литсей Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  мебошад.

Литсей фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маориф ба роҳ мандааст.

Литсей дорои 10 синфхона, 4- кабинети фаннӣ, 2 лаборатория, 1 кабинети технологияи иттилоотӣ, 1 маҷлисгоҳ ва китобхона мебошад.

Дар таълимгоҳ 28 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд, ки аз онҳо як нафар номзади илмҳои математика, дотсент, 7 нафар бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон, 18 нафар дорои тахассуси олӣ ва якум ба таълим ва тарбияи хонандагон ҷалб карда шуданд.

Нақшаи таълимии литсей дар асоси нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  литсей ва гимназияҳо, ки  бо  қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2015, №19/1 тасдиқ карда шудааст, тартиб дода шуда,  он  бо қарори Шӯрои педагогии №1, аз 30.08.2016 қабул ва аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда шудааст.

Дар литсей дар соли таҳсили 2017-2018 бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбат ба омӯзиши фанҳои таълимӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати дониши онон 7 маҳфил, аз қабили “Компютерро меомӯзем”, “Математикони ҷавон”, “Изучаем русский язык”, “Дастони моҳир”, “Шашкабозон”, “Забондонӣ” ва маҳфили “Табиатшиносони ҷавон” амал менамоянд, ки роҳбарони ин маҳфилҳо дар асоси нақшаи тақвимии мураттабгашта  фаъолият мебаранд. 

Дар литсей 6 иттиҳодияи методӣ дар асоси нақшаҳои кории тасдиқгардида фаъолият мебарад.  Дар ҷамъомадҳои иттиҳодияҳои методӣ масъалаҳои  марбут ба методика ва усули таълим баромадҳои маърӯзавӣ, таҳлили дарсҳои намунавӣ ва ҳисоботи эҷодӣ, вазъи дафтардории хонандагон  муҳокима гардида, мутобиқан тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.   

Дар соли таҳсили 2017-2018  ба литсей 250  нафар толибилмон барои таҳсил ҷалб карда шудаанд, ки аз онҳо  75 нафарашон духтар мебошанд. Дар литсей 15 синф амал мекунад, ки аз онҳо 4 синф (10а, 10б, 11а, 11б) бо равияҳои табиӣ - риёзӣ таълим дода мешаванд.

Аз соли аввали фаъолият литсейро 177 нафар хонандагон синфи 11 хатм намуданд, ки 136 нафари онҳо ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус, ба ДДҲБСТ ва 22 нафар ба мактабҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дохил шуданд.

Аввалин хатмкунандагони литсей соли 2016 донишгоҳҳои олиро хатм намуда, барои фаъолият ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҷалб карда шудаанд.

Хонандагони литсей дар озмунҳои мухталифи шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои фахрӣ гардидаанд, аз ҷумла, соли тахсили ҷорӣ дар даври шаҳрии озмуни “Тирамоҳи заррин”, дар озмуни “Тарзи ҳаёти солимро интихоб намо” сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд ва дар озмунхои “Техникони наврас”, “Китобхони бехтарин”,  “Шоҳномахони” ва “Иншои бехтарин” сазовори чойхои ифтихори гаштаанд.

Натиҷаи фаъолияти босамари омӯзгорон ва таҳти назорати доимии маъмурият қарор доштани сатҳи таълиму тарбия буд, ки солхои охир нисбатан болоравии нишондиҳандаҳо оид ба дастовардҳо ба назар расид.

Аз ҷумла, дастовардҳо дар Олимпиадаи фаннии хонандагон дар соли таҳсили 2017- 2018:  дар миқёси шаҳр 4 нафар хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёт, математика, забони русӣ  ва технологияи иттилоотӣ география ва забони англиси ҷойҳои 1, 2 ва 3- ро ишғол намуда, барои иштирок дар даври вилоятии Олимпиадаи фаннӣ роҳхат гирифтанд. Се  нафар дар Олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони русӣ, забон ва адабиёти точик ва математика иштирок намуда сазовори ҷои сеюм гардиданд, як нафар хонандаи синфи 11 – и литсей  Усмонова Адиба аз фанни забони русӣ дар Олимпиадаи ҷумҳурӣ иштирок намуд.

  Дар соли тахсили чори дар сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо хонандагони литсей бо кори илмии худ дар мавзӯъҳои актуалӣ баромад намуда,  дар назди ҳакамон онро ҳимоя намуданд.  Дар натиҷа  7  нафар хонандагони литсей аз фанҳои экология, забони русӣ, забон ва адабиёти тоҷик,  химия ва биология дар миқёси шаҳр ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол намуданд.

Китобхонаи литсей дорои китобҳои таълимию методӣ буда, фонди умумии онро 3223 дона китоб ташкил медиҳад, ки аз он 2305 дона китобҳои таълимӣ бо 86 номгӯй мебошад. Соли таҳсили ҷорӣ фонди китобҳои бадеии литсей ба миқдори 400 адад бой гардонида шуд. Инчунин барои пурра таъмин намудани хонандагон бо котоби дарсӣ тибқи дархост аз тарафи шуъбаи маориф якчанд номгў китобҳо  барои синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои боло харидорӣ карда шудааст.

http://www.zoofirma.ru/