Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии раёсати маорифи вилояти Суғд санаи 20-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Гуруҳ-гуруҳ хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар «Рӯзи дарҳои кушод» иштироки фаъолона намуданд.
Яке аз ҳадафҳои меҳварии ҳукумати кишвар махсусан Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забономӯзӣ ҷалб намуданни муҳассилин мебошад. Борҳо сарвари давлат дар баромадҳояшон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса намуда, азхуд кардани забонҳои хориҷиро талаби замон номида, қайд кардаанд, ки бояд ҳар як ҷавон дар баробари дар сатҳи баланд донистани забони модарӣ ҳамчунин ду ва ё се забони хориҷиро аз худ намояд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД-и вилояти Суғд мулоқоти ректорони донишгоҳу донишгоҳҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо идома дорад. Чунин мулоқот рӯзи гузашта санаи 12 феврал дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт доир гардид.
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ва намояндагони раёсати донишгоҳ ҷаласаҳои васеи навбатии Шӯрои олимони факултетҳо баргузор гардиданд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои омӯзиш ва татбиқи амалии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои факултетҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷамъбасти фаъолияти таълимиву методӣ, илмиву тадқиқотӣ ва тарбиявию сиёсии факултетҳо дар нимсолаи аввали соли хониши 2018-2019, нақшаи минбаъдаи фаъолияти факултетҳо дар нимсолаи дуввуми соли 2018-2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таҳти унвони «Дарс – муҳимтарин рукни таълим» дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари таълимию методӣ бо роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои таълим дотсент Ғаюров Ҳ.Ш. сардори раёсати таълим дотсент Тоҷзод Д.Ҳ. ва кормандони бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот бо иштироки тамоми устодони кафедраҳо ташкилу баргузор гардиданд. Дар ҷараёни гузаронидани семинари таълимӣ – методӣ оид ба тарзи гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, лабараторӣ ва КМРО масъулини раёсати таълим ва устодони соҳибтаҷриба дар мавзӯҳои алоҳида баромад намуданд. Аз ҷумла, доир ба гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, ва амали дотсент Азимова Н. оид ба баргузории машғулиятҳои семинарӣ, дотсент Санавваров Ғ, ва оид ба гузаронидани машғулиятҳои КМРО, дотсент Каримов Р. ва ҳамчунин вобаста ба баргузории машғулиятҳои лабараторӣ сармуаллима Қосимова Д. изҳори назар карданд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамкориашро бо мақомоту идораҳои мухталиф дар сатҳи баланд ба роҳ монда, мунтазам бо онҳо мулоқоту вохуриҳоро ба роҳ мемонад. Дар ин замина вохӯрии донишҷӯён-хатмкунандагони ихтисоси андоз ва андозбандии донишгоҳ бо масъулини Раёсати андоз дар вилояти Суғд баргузор гардид. Ин мулоқот бо мақсади ташаккул ва таҳкими донишҳои назариявӣ-амалӣ ва андӯхтани малакаҳои касбии дар соҳаи андозбандӣ гузаронида шуд.
Ин навбат ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Мумин Шарифзода бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Деваштиҷ ва Шаҳристон баргузор гардид. Ташкилу баргузор намудани вохўрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, иқдоми шоистаест, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҷалби бештари довталабон, тарғибу ташвиқ ва муаррифии донишгоҳ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят мусоидат менамояд.
Ҷиҳати татбиқи босифати таҳсилоти фосилавӣ, ки тавассути истифодаи воситаҳои муосири техникӣ амалӣ карда мешавад, дар донишгоҳ мунтазам чорабиниҳои мухталиф, ба монанди семинарҳои омўзишӣ, онлайн-конференсияҳо ва вебинарҳо доир карда мешавад. Дар робита ба ин, таҳти мавзўи «Таълим ва омўзиши инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» бо иштироки Донишгоҳи Великобритания, Донишгоҳи «Нархоз»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишкадаи омўзиши Амрико дар Қирғизистон, Донишгоҳи кушоди Великобритания, Донишгоҳи технологӣ ва иқтисоди Будапешт, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Н.Назаршоев вебинар доир гардид.
Мулоқоту вохўрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Мумин Шарифзода ҳамҷоя бо сарварони муассисаҳои тањсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои тањсилоти миёнаи умумии ноҳияи Б. Ғафуров мулоқоти ошкору самимӣ намуданд.
Ташкилу баргузор намудани вохўрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, идоми шоистаест, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҷалби бештари довталабон, тарғибу ташвиқ ва муаррифии донишгоҳ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят мусоидат менамояд.
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкилу баргузор намудани дарсҳои кушоду тарбиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ дарси кушоди лексионӣ аз фанни фарҳангшиносӣ гузаронида шуд. Мавзӯи дарси кушод “Функсияҳои(вазифаҳо) асосӣ, қонуният ва омилҳои асосии рушди фарҳанг” унвон дошт. Дарси кушодро дотсенти кафедраи халқи тоҷик Нурмуҳаммадов Ю. дар курси 1-уми иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент баргузор кард. Функсияҳои ҳаётан муҳими фарҳанг, ќонуниятҳои фарҳанг ва шартҳои асосии тадбиқи онҳо дар ҷомеа, омилҳои асосии рушди фарҳанг, фарҳанги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ масъалањое буданд, ки перомуни он бо далелњои илман асоснок ба донишљўён маълумот дода шуд. Аз љумла зикр гардид, ки фарҳанг ҷузъи шинохти давлату миллати ҳар халқияту миллат мебошад. Халқи тоҷик аз қадим дорои таъриху тамаддун ва фарҳанги воло буд, ки то имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Имрӯз ҷавононро лозим аст, ки таърихи фарҳанги миллату давлати худро дар сатҳи баланд омӯзанд, арҷ гузоранд ва дар ҳифзу ҳимояаш камари ҳиммат банданд. Ҳамчунин иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои ривоҷи фарҳанги миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарури андешида шуд. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯзу Оши палав ва Чакани тоҷикӣ , ки ҷузъи фарҳанги мо мебошад, исботи гуфтаҳои болост.