Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Тибқи Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007, № 303  дар ДДҲБСТ бахши тадқиқоти назорати сифати таълим ташкил карда шуд ва имрўз бахши идоракуниии сифати тањсилот ном гирифтааст.

Бахш фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳаи маориф, ҳуҷҷатҳои меъёрии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, раёсати  ташкили назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф, амру фармоишҳои ректор ва Оинномаи Донишгоҳ, қарорҳои шурои олимон ва низомномаи бахш ба роҳ монда аст.

Мақсади асосии бахш баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.

Вазифаҳои асосии бахш ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба идоракунии сифати таҳсилот, гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабардорӣ аз сифати таълим, назорат ва тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, таҳлили барномаҳои таълимӣ (фаннӣ ва корӣ), эътибор додан ба сифати саволномаҳои тестӣ ва мувофиқати онҳо бо барномаи таълимӣ бо мақсади таҳлили сифати дарс, иштирок кардан ба машғулиятҳои омўзгорон, санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо дар самти таъмини сифати таҳсилот, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сатҳи  дониши донишҷўён, дар байни донишҷўён гузаронидани мониторинг тариқи пурсиши варақавӣ, санҷиши вазъи таҳияи китобҳои дарсӣ, КТМ, луғатномаҳо,  дастурҳои таълимӣ ва аёниятҳо аз тарафи омўзгорон, дар мавзӯъҳои мухталифи самти таълим мебошад.

Бо мақсади тарғиби таҷрибаи пешқадам БИСТ дар якҷоягӣ бо кормандони шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа ба таври доимӣ дарсҳои кушоди намунавии устодони донишгоҳро ба навор гирифта, таҳлил ва муҳокимаи дарсро тариқи телевизиони дохилидонишгоҳӣ роҳандозӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, тамоми омӯзгорони донишгоҳ, хусусан омӯзгорони ҷавон, бо услубҳои пешқадами таълим шинос гашта, барои дар сатҳи баланди таълимию методӣ гузаронидани машғулиятҳо, аз маслиҳатҳои мутахассисони ботаҷриба истифода баранд.

Яке аз дастовардҳои асосии бахш ташкил ва баргузор намудани семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои мухталифи самти таълим  мебошад,ин тадбир барои баланд бардоштани савияи касбии  омӯзгорон ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни машғулиятҳо хуб мусоидат мекунад.

Аъзои БИСТ: мудири бахш, дотсент, Ашӯров Соҳибназар Худойназарович, сармутахассиси бахш, дотсент Шарипов Комилҷон Каримович, мутахассиси бахш, ассистент Солиев Ҳомидҷон Абдуманнонович

http://www.zoofirma.ru/