Раёсати таълим

 Сардори раёсати таълим, номзади илмҳои иқтисод, дотсент

Сатторова Фируза Масудовна

Раёсати таълим бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар соли 2012 ташкил карда шудааст. Ҳадафи фаъолияти раёсати таълим – ин ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ ва муаммоҳои таълим, ки барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд, ташкил ва танзими корҳои ҷузъие, ки барои таъмини раванди мунтазами ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат мекунанд, такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва дар арсаи байналхалқӣ (диққати асосӣ ба гузариши мунтазами таълим ба тариқи низоми кредитӣ дода мешавад), дар ҷараёни таҳсили донишгоҳ мунтазам татбиқ намудани муҳимтарин навгониҳои илм-техникӣ, дастовардҳои навтарини илму технологияи муосир, такмил ва густариши раванди таълим. Мусоидат ба дарёфти усулҳои навин барои ҳарчӣ бештар ва ҳамаҷониба ҷалб намудани донишҷўён нисбати азхудкунии фанҳои таълимӣ ва баланд бардоштани шавқмандӣ нисбати тахассусмандгардӣ, бо фароҳам овардани шароити мусоид ба донишҷўён ва омўзгорон дар истифодаи технологияҳои замони муосир бештар гардонидани шавқу ҳавас дар азхудкунии маводҳои таълимӣ, ташаккул ва ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи сифати таълим бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар ва хориҷ аз он. Мунтазам тавсия бахшидани равобити берунаи донишгоҳ. Такмили дурнамои иштироки фаъолонаи донишгоҳ дар низоми таълими байналмиллалӣ, аз ҷумлла дар низоми кредитии таҳсилот, таҳким ва ғанӣ гардонидани пояҳои эҷодиву офаридгории навгонии омўзгорон дар самти сифати таҳсилот, мусоидат намудан ҷиҳати таҳкими ҷанбаҳои зеҳниву захираҳои илмии донишгоҳ дар истифодаи самараноки васоити илмиву техникӣ дар раванди таълим. Ҳамзамон, густариш бахшидан ба самтҳои фаъолияти таълимӣ ва методии донишгоҳ ва заминаҳои истифодаи самараноки васоити илмиву техникӣ дар раванди таълим дар донишгоҳ мебошад.

Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 (№484) дар бораи «Консепсияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30 августи соли 2007 ва Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Соли якум бо низоми кредитӣ 2 гурўҳи академӣ аз рўи 2 ихтисос (ихтисосҳои 060600-иқтисоди ҷаҳонӣ ва 060400-молия ва қарз) таҳсил мекарданд. Соли хониши 2008 – 2009 бо ин низом 14 гурӯҳи академӣ аз рӯи 5 ихтисос (060400-молия ва қарз, 060402-андоз ва андозбандӣ, 060600-иқтисоди ҷаҳонӣ, 071900-системаҳои иттилооти дар иқтисодиёт ва 060800-иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ) таҳсилро оғоз намуданд. Ҳамин тавр, солҳои хониши минъбаъда қадам ба қадам ҳамаи ихтисосҳои дигари донишгоҳ ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд.

Инчунин аз соли хониши 2015-2016 оѓоз карда донишҷўёни соли аввали ҳамаи ихтисосҳои амалкунандаи шўъбаи ѓоибона ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуда, қабули имтиҳоноти ҷорӣ тариқи маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини раёсати таълими донишгоҳ бо мақсади дар сатҳи муосир ва шаффоф ба роҳ мондани ҷараёни санҷиши дониши муҳассилин бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ моҳи феврали соли 2014 таъсиси Маркази тестии донишгоҳ мебошад.

Инчунин, аз соли таҳсили 2016 – 2017 барномаи автоматикунонидашудаи идоракунии раванди таълим “СКАРТ” коркард шуда, пурра дар раванди таълим истифода шуда истодааст, ки натиҷаҳои холгузории ҷорӣ, санҷишҳои марҳилавӣ, имтиҳоноти ниҳоиро саривақт ҷамъбаст менамояд ва барои муайян намудани рейтинги донишҷӯён имконият медиҳад ва инчунин шаффофияти сатҳи донишазхудкунии донишҷўёнро таъмин менамояд.

Раёсати таълим аз сохторҳои зерин иборат аст:

1. Маркази бақайдгирӣ ва машварат

2. Шўъбаи тайёрӣ

3. Маркази таълимии маърифат

4. Шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

5. Бахши идоракунии сифати таҳсилот

6. Маркази тестӣ

http://www.zoofirma.ru/