Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ

Раёсати маъмурию хоҷагӣ

Сардори раёсат Зиёев Рауф Зиёевич

Ба ҳайати раёсати маъмурию хоҷагидории донишгоҳ   сохторҳои - шўъбаи таъминот ва сохтмони асосӣ, шўъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, татбиқи буҷа ва маблағҳои махсус, раёсати маъмурию хоҷагидорӣ, бахши хўроки умумӣ, маҷмааи варзишӣ- фарҳангӣ, минтақаи таҷрибаомўзӣ ва истеҳсолӣ ва бунгоҳи тиббӣ шомил мебошанд Фароҳам овардани шароити мусоиди кор ва фароғати аҳли донишгоҳ, татбиқи роҳҳои нави хоҷагидорӣ, танзими кори хадамоти хоҷагии донишгоҳ, нуқтаҳои хўроки умумӣ дар ҳудуди донишгоҳ, таъминот бо маводҳои зарурӣ, пешбурди корҳои таъмиру сохтмон дар биноҳои донишгоҳ аз самтҳои асосии фаъолияти бахши корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ маҳсуб мегарданд.

То имрўз дар самти корҳои таъмиру сохтмон як зумра тадбирҳо андешида шуда, иҷро гардиданд: сохтмон ва ба истифода додани қисми даромадгоҳи факултети баҳисобгирӣ ва андоз,  гузаронидани таъмири капиталии бинои таълимии №3, сохтмону азнавбарқароркунии буғхона ва хати гармидиҳии бинои таълимии №1. Дар ибтидои соли 2014 бошад буғхона ва хати гармидиҳии бинои таълимии №3 сохта мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Пеш аз оғози соли хониши 2015-2016 бинои таълимии №1 бо пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Сохтмони бинои технопарк ва буғхона барои хобгоҳи донишҷўён ба нақша дароварда шудааст. Ҳамаи биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳо бо 1824 адад миз ва 3699 адад курсӣ таъмин карда шуданд. Бинои таълимии№1 иловатан соли ҷорӣ бо 330 курсӣ, 15 адад тахтаи синфӣ ва 165 миз таъмин гардид.

Ҷиҳати пайдо намудани имконият барои пешбурди корҳои сохтмонаш нотамоми комплекси варзишгоҳ, маҷлисгоҳ ва ощхонаи донишҷўён, ҳамчунин оид ба ҷалби сармоягузорон тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Дигар аз самтҳои муҳими фаъолияти раёсати маъмурию хоҷагидориро ободонию сабзкории саҳни биноҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Имрўз ба ихтиёри боғбонҳои қисми хоҷагӣ барои ободонӣ ва сабзкорӣ бештар аз 30 гектар замин вобаста шудааст. Дар мавзеҳои заминҳои назди биноҳои таълимии донишгоҳ зиёда аз 1000 бех гулҳои ороишии садбарг, 2000 бех канна ва наздик ба 5 ҳазор кўчати гулҳои тагес, марҷонгул, питунӣ, астра, ҳафтранг ва 300 бех дарахтони сояафкан шинонида нашъунамо ёфта истодаанд. Инчунин боғбонон дар минтақаи заминҳои таҷрибавӣ – истеҳсолии, ки дар 4,1 гектар соҳили баҳри тоҷик ҷойгир шудааст корҳои ободониро вусъат мебахшанд. Дар як қисми заминҳои минтақа маҳсулоти гуногуни полезӣ ба монанди лаблабуи қанд, бодаринг, помидор, карам, мош, каду кишт карда шуда, ҳосили бадастомадаи он ба кормандону омўзгорон, оилаҳои ниёзманд ва муҳасилини мактаби махсус барои кўдакони қувваи босириашон суст ва нобинои ш. Хуҷанд ба таври ройгон тақсим карда дода мешавад.

Таъминот бо маводу лавозимоти хониш, ҷиҳозонидани раванди таълим бо технологияи муосири замонавӣ яке аз самтҳои асосии  фаъолияти  раёсат ба ҳисоб меравад. Теъдоди умумии компютерҳо ба 506 адад принтерҳо ба 177 адад, упс- 148 адад,проектор- 22 адад,сканер- 10 адад, доскаи электронӣ ба 5 адад расонида шуд. Таъмину харидории воситаҳои навини техникӣ марҳила ба марҳила ба нақша гирифта шуда идома дорад.

Раёсати хоҷагию маъмурии донишгоҳ ҷиҳати дар оянда барои боз ҳам вусъат бахшидан баҳри таҳкимбахшии пояи моддӣ- техникӣ ва корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои иловагиро ба нақша гирифта, амалӣ месозад. Имрўз дар қисми хоҷагӣ 86 нафар кормандон фаъолият мебаранд.

 

 

http://www.zoofirma.ru/