ПОЙДОРИИ МО АЗ ВАҲДАТ АСТ!

http://www.zoofirma.ru/

Ваҳдати миллӣ — беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии тоҷику тоҷикистонӣ дар ин замину замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мавқеу мақоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои ҷаҳонӣ гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

  Вале имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳаргуна изҳорот ва суханҳои беасару бе мантиқ нисбати Тоҷикистон ва сиёсати ҳукумати мамлакат паҳн шуда истодаанд. Гурӯҳҳои мухолифин зери қаноти Паймони сохтаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як “фермаи саволу ҷавобро”  таъсис додаанду аз номи миллати тоҷик сухан меронанд.

Давлату ҳукумати Тоҷикистон баҳри пойдории сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кашвар ва амнияти миллату ҷомеа пайваста бо сиёсати сулҳпарварона фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ва изҳороту баромадҳои хоинон, ягон асоси воқеӣ надорад мо ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ояндасоз ҳамаи ин гуфтаҳоро инкор менамоем. То ба кай фитнаангезиву гумроҳ кардани ҷавонон аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ давом меёбад? Ҳама ин хиёнат ба миллату ватан аст.

  Мо устодон ва ҷавонон ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфтани ҳастем, ки ба ин суханҳои беасос бовар накунед! Баҳри рушди босуботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошед. Зеро Ватан ва модари мо маҳз Тоҷикистон аст.

Хӯҷаназарова М.И. – н.и.к., дотсенти

кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ