ТАРҒИБОТИ СИЁҲИ ХОИНОН

Тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри бештар пойдор намудани сулҳу субот ва амнияти миллӣ нигаронида шуда, дар ин самт дастовардҳо ҳам  ба чашм аён аст, мутассифона бархе аз афроди нохалафи ҷомеа бо ҳадафҳои нопоки худ мехоҳанд, садди ин пешравию шукуфоии диёр бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба  мардуми шарифу сарбаланди халқи тоҷик муроҷиат намуда, мардуми тоҷикро ба сўи дўстиву тифоқӣ, якдиливу бародарӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ раҳнамун менамоянд Ааммо дар баробари ин ҳама ҳидояту раҳнамоиҳо шахсоне, ки бо ҳиси бадбинӣ аз хориҷӣ кишвар истода паси парда ҷавонони моро мехоҳанд раҳгум созанд. Ба мисоли фаъолияти кунунии ТЭТ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ аст, ки ба ҳарзагӯйи машғул аст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои тарғиботиро худро ба роҳ монда, сиёсати кунунии давлати моро сиёҳ мекунанд.

Мо аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва махсусан устодону омӯзгорон ҳамаи изҳороту суханҳои беасоси мухолифини миллат асаре надоранд ва мо мардуми шарафманди Тоҷикистон тарафдори сулҳу субот ва ваҳдатӣ миллӣ ҳастем. Шукронаи ҳамин ватани биҳиштосо мекунем ва баҳри пешрафти он камари ҳиммат мебандем.

                                                                    Мирсаидов С. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/