ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СИСТЕМАҲОИ АХБОРОТӢ-ҲИСОББАРОРӢ НИСБАТИ ИҒВОАНГЕЗИИ ХОИНОН

http://www.zoofirma.ru/

Имрўз раванди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми кишвар дар пайравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафта исдодааст ва хоҳад рафт. Осудагӣ дар ҷомеаи муосир танҳо бо роҳи ба муросоандохтани қувваҳои мухталифи ҷомеа ба даст омаданаш мумкин аст. Маҳз чунин осудагиву осоиштагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гуфтушунидҳои тўлонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифони кишвар соли 1997 ба даст омада, он боис гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ пойдор  шавад.

Имрўз дар ҷаҳони муосир бесару сомониҳо мушоҳида мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳи бурунмарзӣ  ба ҳисоб меравад. Қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгиршаванда мехоҳанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ба вартаи бесарусомонӣ кашанд. Чунин ҳолат бевосита дар рафтори шахсони алоҳида, ки дар қаламравӣ кишварҳои хориҷӣ қарор гирифта мехоҳанд ба фаъолияти мақомоти қудратӣ ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири худро расонанд, ба амал бароварда мешавад.

Ҳоло халқи мо бо пайравии Пешвои миллат имрўз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта  шудем. Дар бораи дастовардҳое, ки имрўз ба онҳо ноил гардидем бисёр сухан гуфтан мумкин мебшад. 

Аҳли кафедраи мазкур нисбати кирдори разилонаи хоинони миллат ибрози ақида намуда, онҳоро маҳкум менамоем.

Аҳли устодони кафедраи системаҳои

ахборотӣ-ҳисоббарорӣ ДДҲБСТ