ИШҚИ КАБИРӢ ВА САЛИМПУР

Солҳои охир рафтору фаъолияти баъзе аз «ҳамватанон»-ро дида дар ҳайрат мемонем, ки ин қадар бешарафу ҷоҳил ва хоини Ватан гардидаанд.

Аз ин зумра ашхосон Мирзои Салимпур мебошад, ки виҷдони худро ба пул фурўхтаасту оқи падар гардидааст. Дар ҳақиқат, бо умеду орзу фарзанд ба воя мерасонему намедонем, ки Парвардигор инсон медода бошад ё не. Аз рафторҳои аз одоби инсонгароӣ берун ва ҷоҳилонаи Мирзои Салимпур ҳатто падару бародар даст кашидаанд. Ин зумра инсонҳо пулу мол ва шўҳратро аз ҳама арзишмандтар медонанд.

Мирзои Салимпур тамоман аз доираи арзишҳои рӯзноманигорӣ берун омада, ба шаъну шарафи ин касб хиёнат оварда, ба пули бедардимиёни Кабирӣ фирефта шудааст. Фикр мекунад, ки ба дурўғи ў мардуми тоҷик, ҳатто ҷаҳон бовар мекунад. Вале имрўз халқи шарифи мо ба ҷаҳону зиндагонӣ ва арзишҳои миллӣ нигоҳи дигари воқеъбинона доранд, ба давлатдории Сарвари худ эътимоди комил доранд.

Доираи ашхосоне, ки Кабирӣ барои мақсадҳои худ истифода менамояд, васеъ гардида истодааст. Кабирии разил ва андешаву омоли разилонаи ӯ рафтори ҳаммаслаконро идора намуда истодааст ва андешаву ақидаҳои онҳо доимӣ набуда, гоҳ - гоҳ ҳар сў моил мегардад. Пас, имрўзу фардо намедонем, ки ба сари онҳо чӣ меояд ва чиро аз онҳо умед намуд. Дар ҳақиқат, Кабирӣ имрўз «дирежер» гаштаасту, ҳаммаслаконаш вобаста аз он, ки чӣ гуна тамаъ мегиранд, рафтор мекунанд. Яъне, байни онҳо низ тамаъ нақши калидӣ бозида, дар ҳолати набудани он шояд сў ба дигар тараф ниҳода бошанд. Кабирӣ бояд донад, ки ҳаммаслаконаш «харидаву фурўҳта» мешаванд ва шояд пагоҳ ў танҳо монад.

Мо аҳли омўзгорон рафтори хоинони миллат- Кабирӣ ва Мирзои Салимпурро сахт маҳкум менамоем, ки гуфтанӣ ҳастем, ки ин «театр»-и онҳо дур намеравад ва тамошобин ҳам надорад. Бо забон ва хати нопоки худ номи тоҷикро сиёҳ карда наметавонед. Мо шукр аз Ватани худ мекунем: ободи ва сарсабзии кишвари мо бо меҳнати якҷояи халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо боварии комил дорем, ки Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти хешро поянда нигоҳ медорад ва барои наслҳои оянда бунёди ҷомеаи ҳақиқатан демократӣ шароит муҳайё месозад.

Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент, мудири кафедраи

фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/