ПАСИ ПАРДАИ АХБОР.КОМ

Ҳама бархурдорем, ки вақтҳои охир барои минбаъд ногувор сохтани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвари азизамон нохалафони ҳизби наҳзати исломӣ аз хориҷи кишвар бо ҳар баҳонаву роҳҳо онро халалдор намуда истодаанд.

Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ яке аз ҳизбҳои ғавғоангез муддате дар Тоҷикистони биҳиштосоямон фаъолият намуда то андозае ба ақидахои солими мардуми тоҷик халал ворид намуда буд ва маълум аст, ки баҳри нигоҳдории як порчагии Тоҷикистони биҳиштосоямон  замоне буд, ки  ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият менамуд ва пўшида нест, ки дар ҳама давру замон сиёсат ва дин  дар як маврид қарор дошта наметавонанд ва инро амалияи давлатҳои ҷаҳонӣ аллакай исбот намудаанд.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон аз чеҳраи Кабирӣ ва ҳамаслаконаш бамисоли Салимпури беватан безоранд. Кабирӣ дар Аврупо ҳоло мисли сагони кӯча акос мезанаду атрофи худ дигар сакбачаҳоро ҷамъ овардааст. Оре ӯ бо ин се - чор сагону хоҷагони маблағгузораш ягон кореро нисбати Тоҷикистону мардуми шарифаш анҷом дода наметавонад, чунки  «Саг меҷақад, вале корвон  ба  роҳаш меравад».

Чаро имрӯз бадхоҳони миллати тоҷик ба ҳар як дастоварди Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат бо нигоҳи каҷ назар меандозанд? Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои сулху суббот, ободкориву созандагӣ, таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд бояд акли солими худро кор бурда ба акидахои носолими чомеъаи ғарб ва шарқ бо акидахои миллии худ чавоб гардонад.

Мақсад аз ин сухан дар он аст, ки дар Тоҷикистон мардумони пайравони дигар дину мазҳабҳо низ зиндагонӣ менамоянд. Вақтҳои охир бо ҳар роҳу восита хабарнигори фирорӣ Салимпур, ки мактаби макри хориҷиҳоро қариб ду даҳсола аз сар гузаронидааст мехоҳад фазои ороми кишварро номусоид созад. Имрўзҳо ҳар як ватандӯст оромиши миллат ва ҳукфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонад.

Шукри Худованди бузург, ки имрӯз мардеро  руйи майдони сиёсат ва роҳбари давлат дар он шабу рӯзҳои вазнин фиристод ва Тоҷикистони порагаштаро ҷамъ карда Тоҷикистон сохт, ки мардум имрӯзҳо зери сиёсати пешгирифтаи ин марди хирад муттаҳид гашта, як дилона зисту зиндагӣ доранд. Аз ин лиҳоз онҳо мехоҳанд ин сиёсати хирадмадона ва дурандешонаи Пешвои миллатро халалдор созанд.

Мардуми таърихии тоҷик имрўзҳо зери сиёсати сулҳовари Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо ҳаминро мегўем, ки лаҳзае, ки ҷон дар бадан дорем, баҳри Тоҷикистони маҳбубамон ба мисли Пешвои маҳбуби миллат барои пойдории ин Ватан ва сулҳу суботи он талош меварзем ва ҳама гуна дассисаву иғвои хоинонро бе ҷавоб намемонем.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/