АҲРИМАНСИФАТОН

Мувофики ривоятҳои зардуштиён Худои қувваи бадӣ - Аҳриман ба воситаи доираи поёнии осмони сангин вориди дунё шуд ва камолоти онро тахриб намуд. Масалан, дар об намак хосил карда, онро шур сохт ва ба замин кадам нихода, аксари онро ба биёбон табдил дод, хатто ба махлуки хафтум-оташ хам таъсир карда, онро бо дуд халалдор намуд. Умуман олами аҳриманӣ тавонистааст ба муқобилӣ инсоният олами бадиро бавуҷуд оварда, бадиро бо зулму истибдодаш ба сари инсоният оварад.

Имрўз, ки садои аҳреимании Муҳиддин Кабирӣ ва Мирзои Салимпур тавассути расонаҳои хабарӣ ба гўш мерасад, худ эҳсосиро фаро мегирад, ки асосаш нопокиву бадӣ бар милллату халқият аст.

Фарди тоҷик ҳеҷ гоҳ ба олами аҳриманӣ вобаста нахоҳад шуд, зеро оҳанги нарми аллаи модари тоҷик  ба кўдак таъсир намуда, тамоми умр аъзои ўро ором менамояд ва аз бадӣ нигоҳ медорад. Оҳанги нарму мўътадил ҳатто ба асаби ҳайвонот низ таъсири нек мебахшад.

Асадии Тўсӣ ҷиҳати таъсирнокии суханро ба эътибор гирифта чунин гуфтааст:

Ба гуфтори ширин фиребанда мард,

Кунад он, чӣ натвон ба шамшер кард.

Пас бунёдкунандагони олами аҳримании замони муосир мулло Кабирӣ ва Салимпури пулпараст аз хотир набароред, ки бо суханони бад, ки асосаш олудаи фитнаву бўҳтон ва бадбиниву ихтилофангезист  наметованед камарбанд ва иродаи азалии мо мардуми тоҷикро пароканда намоед. Зеро таърих исботи гуфтаҳои болост, ки «Боре каҷ ба манзил намерасад». Бори каҷи на танҳо Кабирӣ ва ҳамтабақони ӯ ба мақсад ва ба манзил намерасад.

Аз хурд то бузурги кишвар ба муқобили аҳриманони аср ба мисли Кабирӣ  ва Салимпур мубориза бурда, намегузорад нияти нопоки бо фасод олудаи онҳо фарогири меҳани азиз Тоҷикистон бошад.

Бурҳонов И.Б. – сармуаллими

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/