АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ МАЗҲАБӢ

Ҳақ бар ҷониби муаллифи мақолаи “Дин ва арзишҳои миллӣ” Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аст, зеро агар ба таърихи дини мубини ислом нигоҳе андозем мебинем, ки ҳануз дар рӯзҳои аввали зуҳураш қабоили гуногун ва ҷангҷӯю номуттаҳидро дар доираи арзишҳои маънавию фитрии худ зери як шиору парчам ва давлати баробару бародарӣ, ки марзу ҳудуд надорад ҷамъовард.

Арзишҳои динӣ бо арзишҳоии миллӣ ва мазҳаби ҳамсонанд ва имрӯз бехирадон, ҳамон ифротгароён ва хурофотзадагон даст ба қатлу хунрезӣ задаанд, ин амали онҳо далели онро дорад, ки аз дину мазҳаб ва арзишҳои созандаю бунёдкориаш, дини муҳаббату дустӣ, рафоқату бародарӣ будани он хабар надоранд, маълумаст, ки онҳо танҳо кӯркӯрона ба тоату ибодат даст мезананд. Боварӣ ба он дорем, ки ин турфа бехирадони мазҳабгаро ва тафриқаандоз бехабар аз Қуръону калом ва суннату ахлоқи набавӣ монданд, агар онҳо як бор аз ахлоқу рафтори намунавии пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в)-ро мутолиа кунанд, хуб мефаҳманд, ки моҳияту мӯҳтавои дину шариат дар чист? Ва бо рафтору аъмоли худ муқоиса кунананд, ки оё онҳо ҷонибу роҳи ҳақ ҳастанд ва ё баръакси он?

 Таъкид ба маврид аст, ки бе арзишҳои динӣ ва муқаддасоту ҳувияти миллӣ наметавон давлату ҳокимият ва умуман ҷомеа сохт. Бо баробари ҳамаи ин мо бояд қадри ватани азизу маҳбубамонро бидонем ва дар муҳофизату ҳимояи он бояд даст ба даст диҳем ва аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдори карда бо иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ ва арзишҳои он сулҳу субот, марзу буми кишвари азизамонро пос дорем, зеро вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон нигарон кунандааст. Кишварҳои зиёде бо ҳам душманию ҷудои меварзанд ва вазъи минтақаҳоро рӯз то рӯз муташаниҷ мекунанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо маърифати сиёсати хориҷии давлату Ҳукумат ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстӣ мо бо давлатҳои ҳамсоя, ҳамзабон, ҳамдину ҳаммазҳаб ва дуру наздик хубаст ва ин боис ба пешрафту тарақиёти ҳаматарафаи давлати соҳибистиқлоли мо мегардад.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/