ПРИНСИПИ ДОНАМ НАДОНАМ

Мулоҳизоте, ки Дориюши Раҷабиён дар матлаби худ, ки зери унвони “Зинда бод босмачӣ” дар сомонаи ифротии www.ksaadat.co   нашр гардид, ягон асоси воқеӣ надоранд. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол расонаҳои давлатӣ таърих ва воқеиятро ба таври озод ва воқеӣ инъикос мекунанд.

Бахусус шахсоне, ки аз илму таърих огаҳи надоранд дар бораи ин самтҳо набояд андеша баён кунанд. Иброҳим Усмонов олими номдори соҳаи таърих аст. Бисёр китобҳо ва андешаву мақолаҳои таърихиро бунёд намудааст.

Он чӣ, ки оиди нақши артиш ва  мубориза зидди ҳаракатҳои босмачигарӣ менамояд ин низ воқеияти таърихӣ аст.

Дар таърихи ҳаракати болшевикӣ ва таъсири он ба минтақа  аз ҷониби мутахассисон баҳои воқеӣ дода шудааст ва ин таърих дар рушди минбаъдаи минтақа нақши муҳимро низ гузоштааст.

Аз мулоҳизоти Дориюш кам чизро одам дарк мекунад ва забони ӯро фаҳмидан мушкил аст.

Таърих гувоҳи он аст, ки босмачигарӣ ва босмачиён ба ҳаёти мардумони осоишта  таъсири манфии зараровар ба ҷомеа буд расонидааст. Таърих ин гуна ҳаракатҳои  манфию зараровари  ҳаракати босмачигариро  фаромӯш намесозад.

Дар бораи таъсири  сохти шуравии солҳои бистум бо роҳбарии болшевикон ва нақши он дар асарҳои зиёди таърихӣ офарида шудаанд, ки дар он хизмати болшевикон дар бунёди  мактабу маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ инъикоси худро ёфта буд.

Он чи, ки Иброҳим Усмонов нисбати босмачигарӣ  мисолҳо овардааст аз саҳифаҳои таърих оварда шуда далели раднопазир аст.

Ҳамин тавр, андешаҳои Дориёнуш ғалат буда, огоҳ набудани ӯро аз таърих нишон медиҳад. Агар ӯ худро донандаи таърих шуморад, аққалан як мақолае оиди таърихи солҳои бистум рӯи қалам орад.

Таҳлил кардани  андешаҳои муаррихони кишвар ва расонаҳои  иттилоотӣ ба ин гуна ашхос мисли Раҷабиён асос надорад.

Алимов Б., Нурмаҳмадов Ю. – н.и.т., дотсентони ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/