ЗОҲИРПАРАСТӢ НАШОЯД ЭЙ ХОҶА!

Ростӣ чанде қабл тавассути расонаҳои иттилоорасон изҳороти ҷамъияти тоҷикон бо номи «Нур», дар кишвари Олмон шинос гардидем. Дар он нисбати либоси миллӣ занону духтарони тоҷик сухан рафтааст.

Бояд тазаккур дод, ки эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарқкунандаи миллӣ надоранд. Вале мо – тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллии мо дар либоси мо низ инъикос ёфтааст.

Ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Фарҳанги волои тоҷикон дар либосҳои чун пари товус рангоранги мардуми он, хусусан бонувони зебо ва зебопарасташ таҷассум ёфтааст. Воқеан, либос низ як ҷузъи фарҳанг аст. Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик буда, дар ақсои олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷик мондагор мебошад. Аммо, на ҳамаи мо ба қадри либоси миллиамон мерасем.

Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки солҳои охир бонувоне, ки ба либоспӯшии бегонагон тақлиди беҷо месозанд, зиёд ба мушоҳида мерасад. Борҳо таъкид шудааст, ки ҳиҷобу сатр ва либосҳои тангу даридае, ки зани тоҷик ба бар мекунад, барои миллати мо хос нест. Аҷибаш он аст, ки либосҳои миллии моро кишварҳои дигар аз худ карда истодаанд ва мо бошем, барои таблиғи он кӯшиш намекунем. Беҳтарин таблиғи либоси миллӣ ин пӯшидани он мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша як нуктаро таъкид месозанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Барои кам шудани шумораи бонувоне, ки либосҳои бегонаро ба бар мекунанд, хуб мешуд, пеш аз ҳама, он дӯконҳои махсус, ки дар бозорҳои калонтарини ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, назорат карда шаванд. Дӯкону фурӯшгоҳҳои зиёде ҳастанд, ки маҳз барои либосҳои арабӣ ё ҳиҷоби сиёҳ махсусгардонида шудаанд. Инчунин лозим аст, ки тарроҳону дӯзандагон тарҳи нави либосҳои миллиро бо диди наву замонавӣ барои мо пешниҳод созанд. Дар ин сурат дар либоси мо ҳам фарҳанги миллӣ ҳифз мешаваду ҳам рӯ овардан ба унсурҳои бегона аз ҷониби баъзе шахсон камтар мегардад.

Мо ҷонибдори онем, ки зани тоҷик ҳусни зебои худро бо басар кардани сатру ҳиҷоб ноҷо нагардонад, зеро ин зебандаи зани тоҷик нахоҳад буд.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/